Oila Navruz
Варшава ба СММ ва ИА даъво кард
1140
Берлин расман изҳорот дод, ки аз баррасии ҷуброни хисороти Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ бо Варшава худдорӣ кардааст. Нотаи эътирозӣ рӯзи сешанбеи 3 январ ба Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон супурда шуд. Дар ин бора радиои “Овози тоҷик” дар такя ба ВКХ Олмон хабар дод.
 

“Тибқи изҳороти ҳукумати Олмон, масъалаи хисорот ва ҷуброни талафоти низомӣ пӯшида боқӣ монда, ҳукумати Олмон ният надорад, ки дар ин бора музокираро шурӯъ кунад», — навиштааст вебсайти ВКХ Лаҳистон.

Дар ҳамин ҳол, Лукаш Ясина, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон дар саҳифаи фейсбукаш таъкид кард, ки кишвараш, сарфи назар аз ҳама, талош мекунад вазъро мувофиқи манфиатҳои миллӣ ҳал кунад.

“Муовини вазири корҳои хориҷии Лаҳистон Аркадиуш Мулярчик аллакай ба роҳбарияти СММ бо дархости пуштибонӣ аз талабҳои Варшава муроҷиат кардааст. Дар бораи талафоти кишвар дар солҳои 1939—1945 ба ҳамаи сохторҳои асосии созмон ҳисоботи муфассал фиристода шуд”,-навиштааст сухангӯ.

Ба таъкиди сухангӯ, Мулярчик рӯзи 21 декабр барои дарёфти пуштибошӣ аз Шӯрои Аврупо ва ЮНЕСКО кӯмак хоста буд. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки Аврупо метавонанд платформаи муколамаи байни Олмон ва Полшаро ташкил кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Артём Соколов, як пажӯҳишгари аврупоӣ ба хабаргузории “Известия” гуфтааст, Лаҳистон барои талаби ҷубронпулӣ заминаи ҳуқуқӣ надорад. Ба гуфтаи вай, дар давраи ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар соли 1990 дохил шудани Ҷумҳурии Демократии Олмон ҳамаи масъалаҳои вобаста ба товони зарар маҳкам шуда буданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли 2022 Полша дар бораи додани товони зарар ба Олмон нота фиристод. Ҳамон замон, Садри аъзами Олмон Олаф Шолз дар посух гуфта буд, ки масъалаи пардохти ҷубронпул ба Полша баста шудааст ва Ҳукумати Олмон нияти пардохтро надорад. Шолз гуфт, Полша ҳанӯз соли 1953 аз гирифтани товон даст кашида буд ва ин раддияашро борҳо тасдиқ намуд. Бинобар ин, даъвои мазкур бепоя аст

Варшава вақте аз Берлин талаб кард, ки товони зарареро, ки дар давраи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ба мамлакаташ расонд, пардохт намояд, ҳаҷми онро 6,2 триллион злот (баробар ба 1,3 триллион доллар) гуфт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД