sebiston july new
Варзишгарони тоҷик дар 100-гонаи беҳтарин ҷудокорони ҷаҳон
549

Мавқеи ҷудокорони тоҷик пас аз мусобиқаи «Dushanbe Grand Prix 2023» дар радабандии ҷаҳонӣ тағйир ёфт.

Тибқи иттилои вебгоҳи Федератсияи ҷаҳонии ҷудо баъди ширкат дар мусобиқаи «Dushanbe Grand Prix 2023» ҷудокорони тоҷик мавқеашонро дар радабандӣ (рейтинг)-и ҷаҳонӣ беҳтар карданд.

Ба навиштаи ин сомона, Темур Раҳимов дар зинаи аввали вазни беш аз 100 кг қарор дорад. Ҷойҳои барандагони медалҳои тиллои «Dushanbe Grand Prix 2023» - Обид Ҷебов (-66кг) 66 зина, Сомон Маҳмадбеков (-81кг) 12 зина, Комроншоҳи Устопириён 4 зина, барандагони медалҳои нуқра - Шодмон Ризоев (-81кг) 15 зина ва Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) 9 зина боло шуданд.

Дар баробари ин, Шакармамад Мирмамадов (+100кг) 133 зина, Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг) 59 зина, Мавлуда Одинаева (-63кг) 97 зина боло баромаданд.

Мадина Қурбонзода (-48кг) дар аввалин иштирокаш дар мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо 182 хол гирифта, дар ҷойи 92-юм мавқеъ дорад.

Ҳамин тариқ, агар қабл аз Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Давҳа Тоҷикистон 11 варзишгар дар 100-гона дошт, ҳоло 17 варзишгари тоҷик ба ТОП 100-и ҷудои ҷаҳон шомил ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи «Dushanbe Grand Prix 2023», ки рӯзҳои 2-4 июн дар Душанбе баргузор шуд, се медали тилло, се нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд. Тими мунтахаби Тоҷикистон бошад аз рӯйи медалҳои тилло дар Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ миёни 40 давлати иштирокдор мақоми аввалро касб кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД