Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон ва ҷавонон дар шаҳри Аммони Урдун ба анҷом расид. Ҷудокорони тоҷик бо 4 медал мусобиқаро ҷамъбаст намуданд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар мусобиқа миёни наврасон ҷудокорони тоҷик иштирок надоштанд ва дар мусобиқа миёни ҷавонон ба гирифтани 4 медал ноил шуданд. Дар мусобиқаи ҷавонон аз кишвари мо 9 нафар - Рамзиддин Азизов (-60 кг), Икром Шамсов (-60 кг), Ёсин Бобокалонов (-66 кг), Муҳаммадрофеи Ҳабибулло (-66 кг), Муҳаммадин Лоиқов (-73 кг), Ворис Назаров (-73 кг), Абдулло Лоиқов (-81 кг), Аминҷон Абдуҷалилзода (-81 кг) ва Ардашери Ҳамза (-90 кг) ҳунарнамоӣ намуданд.
Дар натиҷа, Икром Шамсов дар вазни то 60 кг мақоми панҷумро касб намуд. Дар мубориза барои медали биринҷӣ Икром аз намояндаи Ҳиндустон Лап Кенту мағлуб шуд.
Рамзиддин Азизов дар вазни то 60 кг даври аввалро бо ғалаба бар Чианг Тсан-Ан аз Тайбеи Чин оғоз карда, дар даври дуюм аз Сирлибай Дамир аз Қазоқистон мағлуб гардид.
Ёсин Бобокалонов дар вазни то 66 кг ба гирифтани медали биринҷӣ ноил гардид. Ёсин даври аввалро озод паси сар намуда, дар даври дуюм намояндаи Непал Вишеши 18-соларо шикаст дода, ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин марҳила Бобокалонов бар намояндаи Кувайт Алшаммари Алӣ ғолиб омада, ба даври нимниҳоӣ баромад. Дар ин марҳила Ёсин аз ҷудокори қазоқ Ерҷанов Ерасил мағлуб шуда, дар мубориза барои медали биринҷӣ Низомаддинов Амирхон аз Ӯзбекистонро шикаст дод.
Муҳаммадрофеи Ҳабибулло дар вазни то 66 кг медали биринҷии дигарро барои Тоҷикистон соҳиб шуд. Муҳаммадрофе даври аввалро озод паси сар намуда, дар даври дуюм намояндаи Тайбеи Чин Ко По-Эрро шикаст дод. Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ ҷудокори мо аз ҷудокори қазоқ Ерҷанов Ерасил мағлуб шуда, ба даври тасаллобахш рафт. Дар ин марҳила Муҳаммадрофе бар Ал-Араши Ҳешами яманӣ ва Алӣ Алшаммарии кувайтӣ дастболо гардида, дар мубориза барои медали биринҷӣ Адис Орозмаматови қирғизро мағлуб кард.
Муҳаммадин Лоиқов дар вазни то 73 кг дар рақобати аввал аз ҷудокори дигари тоҷик Ворис Назаров мағлуб шуд. Ворис дар идома ба гирифтани медали биринҷӣ ноил шуд. Дар даври нимниҳоӣ Ворис бо Иноят Телманов аз Ӯзбекистон гӯштин гирифта, шикаст хӯрд ва дар мубориза барои медали биринҷӣ Айялслман Абдурраҳмон аз Урдунро мағлуб намуд.
Абдулло Лоиқов дар вазни то 81 кг даври аввалро озод паси сар намуда, дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ Аббос Ал-Фураҷӣ аз Ироқро шикаст дода, ба даври чаҳорякниҳоӣ баромад. Дар даври чаҳорякниҳоӣ Лоиқов аз Комронбек Қодирови ӯзбек шикаст хӯрда, ба даври тасаллобахш рафт. Дар даври тасаллобахш, Ворис бар Ҳусейн Новин аз Эрон ғолиб омада, аз Эл Сайкалӣ Диего аз Лубнон мағлуб шуд ва мақоми ҳафтумро ишғол кард.
Аминҷон Абдуҷалилзода дар вазни то 81 кг ба гирифтани медали нуқра шарафёб гардид. Аминҷон дар роҳ ба финал ғалабаро бар Субҳон Ҳакимӣ аз Эрон, ҷудокори тоҷиктабор Рошид Неъматов аз АМА ва Солонаи Кенайкан аз Қазоқистон ба даст овард. Дар финал Аминҷон бо Сим Ҷаеюн аз Кореяи Ҷанубӣ гӯштин гирифта, мағлуб шуд ва ноибқаҳрамони Осиё дар вазни то 81 кг гардид.
Ардашери Ҳамза дар вазни то 90 кг мақоми панҷумро касб кард. Ардашер ғалабаро бар Абулфазл Муҳибӣ аз Эрон ба даст оварда, дар даври нимниҳоӣ аз Беҳрӯзбек Рустамбоев аз Ӯзбекистон мағлуб шуд. Дар мубориза барои медали биринҷӣ Ардашер аз Нурузизивеҳи Сипеҳр аз Эрон мағлуб шуда, мақоми панҷумро дар ин вазн ишғол намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни ҷавонон дар шаҳри Аммони Урдун 173 ҷудокор аз 20 кишвари қора ширкат варзиданд. Тоҷикистон бо 1 медали нуқра ва 3 нишони биринҷӣ мусобиқаро ҷамъбаст намуда, дар феҳристи медалҳо мақоми 8-умро ишғол намуд. Ӯзбекистон бо 7 медали тило, 2 нуқра ва 6 биринҷӣ дар мақоми аввал маскан гирифт.