Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Мубин Эргашев дар мусобиқаи байналмилалии «The U-23 Tri Nation International Football Tournament 2026», ки дар Ҳиндустон сурат мегирад, ширкат хоҳад кард.
Дар давоми мусобиқа дастаи олимпии мо бо тимҳои Бутан (25-уми март) ва Ҳиндустон (31-уми март) бозӣ мекунад. Ҳамаи вохӯриҳо дар варзишгоҳи «Golden Jubilee Stadium»-и шаҳри Юпия баргузор мешаванд.
Мунтахаби Тоҷикистон соли оянда дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2028 ширкат хоҳад кард ва чунин рақобатҳои байналмилалӣ барои санҷиши сатҳи омодагӣ ва таҷрибаи бозигарон аҳамияти калон доранд.