Тоҷикистон Ватани азизу маҳбуби мост. Ватанро азиз доштан, ба муқаддасоташ арҷ гузоштан ва дар навбати худ ободу шукуфо гардонидани он фарзи имонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бедордил ва худогоҳу худшинос мебошад.
Барои идора ва пешбурди ҳар қавму миллат ва давлату кишвар фарди бузурге аз миёни мардум баргузида мешавад. Ба бахти мардуми мо дар сапедадами истиқлоли кишвар вакилони мардумӣ дар иҷлосияи XVI Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд. Интихоби ӯ маҳз барои он буд, ки оташи хонумонсӯзи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш намояд. Ӯ аз рӯзҳои аввали роҳбарияш ба мардум ваъда дод: «Ман ба шумо сулҳ меорам». Ӯ бо инояти Парвардигор ба аҳди худ вафо кард. Барномаи асосии Роҳбари давлат барномаи ваҳдату ягонагӣ, навсозиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва озодии баён буд ва барои татбиқи онҳо пайгирона саъю талош варзид, ки имрӯз дар кишвари мо сулҳу амонӣ ва оромишу осоиш ҳукмфармост. Ҳар фарди бедордилу солимфикр, агар шароити дирӯзи кишвари моро бо вазъи имрӯзӣ қиёс намояд, возеҳу равшан мебинад, ки ваҳдати комил, амнияти саросарӣ, пешрафтҳои иқтисодӣ ва ободиву шукуфоии ватани маҳбубамон дар ҳар гӯшаву канори он ба назар мерасад. Маҳз ба хотири пойдорӣ, устуворӣ, бақо ва пешрафти Ватанамон мо бояд аз низоми сиёсии имрӯза ва дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат ҷонибдорӣ кунем.
Имоми Аъзам, ки пири мазҳаби ҳанафӣ ва яке аз бузургтарин фақеҳони олами Ислом мебошад, итоат аз низомро омили шукуфоии давлату миллат медонад: «Ба подшоҳ ва ҳокими вақт эҳтиром бигузор ва шахсияти ӯро бузург дор ва дар ҳузури вай дурӯғ нагӯ!”. (Пандномаи Имоми Аъзам).
Ояти сареҳи раббонӣ, аҳодиси саҳеҳи набавӣ ва гуфтори Имоми Аъзам маҳз ба хотири он аст, ки мардум дар меҳани худ бо мусолиҳаву ягонагӣ ҳамзистии мусолиматомезро ба роҳ монанд ва дар рушду тавсеаи самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саъю талош варзанд. Танҳо дар ин сурат мо метавонем, ки мардуми худро аз нифоқу низоъ, табъиду зӯроварӣ, ифротгароиву даҳшатафканӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ҳифз намоем. Зеро дини мубини Ислом як ҷузъи таркибии фарҳанги мардуми мусулмон, аз ҷумла тоҷикон буда, дар бисёр паҳлуҳои зиндагии суннатии мо нақши ҳалкунанда дорад.
Аз ин хотир мо бояд имрўз ба қадри истиқлолият бирасем, шукронаи давлати тоҷиконро кунем, дар хотир дошта бошем, ки барои гумроҳ намудани мардум ва алалхусус ҷавонон, бадхоҳони миллат аз ҳама роҳу василаҳо истифода мебаранд. Моро зарур аст, ки ба ҷавонон мафҳуми зиндагии осоиштаро дуруст фаҳмонем.