Arzon march 2024
Вайроншавии ҳайз занро безурёт мекунад?
2024

Вайроншавии ҳайз яке аз бемориҳое мебошад, ки хоси занон ва бонувон аст. Дар ҳаёти занҳо ҳайзбинӣ нақши муҳим дошта, далолат аз омодагии организми зан ба ҳомиладоршавӣ медиҳад.

 

 

Тибқи меъёрҳои қабулшудаи мутахасиссони соҳаи тиб, ҳайзбинӣ аз синни 12-14 солагии духтарҳо оғоз меёбад ва он 3-5 рӯз идома меёбад. Қайд кардан ба маврид аст, дар муддати аз 21 то 35 рӯз ҳайз дидан ин дар меъёр аст ва агар аз ин муҳлат кам ё бештар бошад, шаҳодат аз вайрон будани ҳайз медиҳад.

Вале нуқтаи дигар ин аст, ки занҳои таваллуд карда, баъд аз 6 ҳафта ҳайз бинанд, ки ин муқаррарӣ аст. Баъзе занҳо ба хотири он ки ба тифлашон шири сина медиҳад, ҳайз дертар оғоз гардад.

Ҳолати дигаре, ки вайроншавии ҳайзро ба вуҷуд меорад, ин климакси занҳо мебошад. Яъне дар ин давра, ки баъди 45-55-солагӣ падид меояд, эҳтимоли бештар шудани ҳайз вуҷуд дорад.

Сабабҳои вайрон шудани ҳайз гуногун аст. Зарбаи сахти равонӣ бемориҳои илтиҳобии коси хурд, илтиҳоби бачадон, миоми бачадон, гӯшти зиёдатӣ (полип) дар бачадон метавонад, ба вайрон шудани ҳайзи оварда расонад.

 Ба ғайр аз ин сабабҳои гуфташуда, метавонад дар натиҷаи набудани бемориҳои сироятии занона, норасогии витаминҳо, вайроншавии ҳормонҳо ва риояи парҳези нодуруст ба вайрон шудани ҳайз таъсири худро мерасаонд.    

Саволе ба миён меояд, ки дар кадом ҳолатҳо ба духтур муроҷиат кардан муфид аст. Духтурони бемориҳои занона таъкид менамоянд, ки дар ҳама ҳолате, ки вайроншавии ҳайзро мушоҳида мекунед, сари вақт ба духтури занона муроҷиат намояд. Ба модарон низ тавсия дода мешавад, ки аз ҳолати духтарони худ огоҳ шаванд. Зеро кам будани ҳайз ё набудани он паёмадҳои хеле ҷиддӣ дорад. Таъкид кардан зарур аст, ки дар натиҷаи сари вақт муолиҷа накардан ё ба мутахассис муроҷиат накардан, метавонад ояндаи занро безурёт гардонад. Илти тиб дар ҳоли рушд кардан аст ва дорувориҳоеро итироъ кардаанд, ки бештари ҳолатҳои ба миён омадаро бартараф месозад ва онҳоро метавонед, дар якҷоягӣ бо тавсияи духтури занона истеъмол намоед.

Дар ҷомеаи сунати мо фикр мекунанд, ки духтар то шавҳар накунад, набояд ба назди духтури занона равад, вале ин андешаҳо хатои маҳз буда, дар ҳаёти минбаъдаи духтар таъсири манфӣ мерасонад.

Аз ин рӯ нисбати ҳаёти худу духтарони худ бепарво набошед ва дар ҳама ҳолат ба духтури занона муроҷиат намоед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД