Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати таҳлилу баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак дар кишвар ҷаласаи корӣ доир гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар ҷаласа сардорони як қатор раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарияти муассисаҳои тандурустӣ ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
Зимни ҷаласаи мазкур вазъи кунунии хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар муассисаҳои тандурустии кишвар таҳлил ва баррасӣ гардида, инчунин таъкид карда шуд, ки айни замон масъалаҳои хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Махсусан, дар ҷаласа ба масъалаҳои пешгирии фавти модарону кӯдакон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуда, дар ин замина аз масъулин даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин самт фаъолияти хешро аз пештара бештар пурзӯр намоянд.