tobiston
Вазири аз мақом барканоршудаи рус худкушӣ кардааст
08.07.2025
Oila.tj
163

Вазири нақлиёти Русия Роман Старовойт, ки рӯзи 7-уми июл аз мақомаш барканор шуд, худкушӣ кардааст.

Бино ба иттилои "Коммерсант", Кумитаи тафтишотии Русия марги мансабдори собиқро тасдиқ кардааст, вале оид ба худкушӣ будани ҳодиса расман чизе нагуфтааст.

Дар хабарномаи расмӣ омадааст, ки ҷасади Роман Старовойт дар мошинаш пайдо шудааст.

Бино ба иттилои телеграм-канали Mash, як сабаби даст ба худкушӣ задани вазири собиқ оғози парвандаи ҷиноятӣ будааст. Ба қавли ин манбаъ, Роман Старовойт ба он муттаҳам шудааст, ки ҳангоми кораш дар мақомии волии Курск ба қаллобӣ даст задааст. Ӯ то таъин шуданаш ба мақоми вазири нақлиёти Русия дар соли 2024, волии Курск буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД