Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон аз Freedom IT-Hub дар Душанбе боздид намуд
17.02.2026
Oila.tj
89

Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ермек Кошербаев дар доираи сафари кории худ ба Тоҷикистон аз Freedom IT-Hub - майдони нави технологӣ, ки дар заминаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон таъсис ёфтааст, боздид намуд.

Дар ҷараёни боздид муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Саноӣ Бойзода, Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихан Туреханов, муовини аввали директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон Ҳаким Исмоилзода, раиси Раёсати КВД «Фридом Бонк Қазоқистон» Гулфайруз Ахметова ва раиси Раёсати ҶСП «Фридом Бонк Тоҷикистон» Даурен Нисинбаев иштирок доштанд.

Ба гуфтаи Даурен Нисинбаев, Freedom IT-Hub ифодакунандаи талошҳои муштарак барои рушди технологияҳои рақамӣ, сармояи инсонӣ ва муҳити инноватсионӣ мебошад. Ӯ таъкид кард, ки ҳадафи асосӣ мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт ва бахши технологии Тоҷикистон аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД