Дирӯз, 6-уми майи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ташриф оварда, дар ҷараёни имтиҳонсупории хатмкунандагони донишгоҳи мазкур иштирок намудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар ин муассисаи олии таълимии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода дар рафти баргузории сессияҳои имтиҳонӣ ширкат варзида, бо раванди гузаронидани санҷишҳои имтиҳонии донишгоҳи мазкур шинос шудааст.
Ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани раванди имтиҳонсупории донишҷӯён вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъулин ва устодони донишгоҳи мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дода, ба табибони оянда дар ҷодаи имтиҳонсупорӣ барору муваффақиятҳо таманно намудааст.