goodwell
Вазорати маориф гуфт: Фурӯхтани либос ва лавозимоти мактабӣ дар мактабҳо манъ аст!
13.08.2026
Oila.tj
173

Салом! Дар баъзе мактабҳо имсол ҳам мисли солҳои пешин падару модаронро маҷбур карда истодаанд, ки барои фарзандонашон аз худи мактаб ё ширкатҳои муайян сарулибоси мактабӣ харидорӣ намоянд. Оё ин аз рӯйи қонун аст?

СУРАЙЁ, сокини н. Рӯдакӣ

Посух:

- Вазорати маориф ва илми кишвар ба баҳсу мунозираҳо атрофи хариди либоси мактабӣ вокуниш нишон дода, таъкид намуд, ки харидани либоси мактабӣ бояд бидуни маҷбур намудани хонандагон ва волидонашон сурат гирифта, ҳуқуқи онҳо ба интихоби озоди мол риоя карда шавад.

Бино ба иттилои вазорат, барои хонандагону омӯзгорон дастурамали либосҳои тавсиявӣ таҳия ва ба муассисаҳои таълимӣ ирсол шудааст, аммо вазорат дар истеҳсол, таъмини бозор, муайян кардани нарх ва фурӯши либоси мактабӣ иштирок намекунад.

Вазорати маориф ва илм мегӯяд, ки ҷалби омӯзгорон ба хариду фурӯши либоси мактабӣ тибқи қонун манъ мебошад. Роҳбарони муассисаҳои таълимӣ набояд дар дохили мактаб ба фурӯши либос ва лавозимоти таълимӣ роҳ диҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД