sebiston july new
Вазорати маориф ва илм санҷиш гузаронид
1283

 

 

Дар асоси як санҷиши Вазорати маориф ва илми кишвар дар 5 донишгоҳи воқеъ дар шаҳри Душанбе якчанд камбудиҳо ошкор гардид.

Бино ба иттилои манбаъ, пешбурди фаъолияти таълим ва тарбия дар дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисодиёти Тоҷикистон мавриди санҷиш дода шуда, натиҷаҳо нишон дод, ки таълиму тарбия дар муассисаҳои болозикр тибқи талабот дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

“Зимни санҷиши раванди таълим дар факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ маълум шуд, ки дар аксар гурӯҳҳои таълимӣ дафтарҳо дастрас набуда, аксари донишҷӯён аз 15 то 30 дақиқа ба дарс дер ҳозир мешаванд ва иштироки донишҷӯён дар дарсҳо нопурра аст. Дар ин баробар донишҷӯёни курсҳои болоӣ аксаран ягон дастуру адабиёти таълимӣ бо худ надоранд”, - навиштааст маркази матбуоти вазорат.

Ҳамзамон, таъкид шудааст, ки дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон омодагӣ ба соли нави таҳсил, тозагии гирду атроф, саҳни донишгоҳ, синфхонаҳои таълимӣ хуб ба роҳ монда шуда, ҷадвалҳои дарсӣ тасдиқ гардидааст.

Мутаассифона, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои раванди таълим, аз қабили омода кардани журналҳои гурӯҳӣ ва ба гурӯҳҳо тақсим намудани донишҷӯёни курси якум то ҳол ба анҷом расонида нашудааст.

Санҷиш дар факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорат нишон дод, ки машғулиятҳои дарсӣ тибқи ҷадвали дарсӣ роҳандозӣ карда нашуда, дар курсҳои сеюм давомот 60-65%-ро ташкил медод. Аммо бар замми ин аз 7 гурӯҳи таълимие, ки дар соати 4 бояд тибқи ҷадвали дарсии тасдиқшуда дарс баргузор карда мешуд, дар 4 гурӯҳи таълимӣ дарсҳо ба роҳ монда нашудааст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, дар факултети сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва сохибкории Тоҷикистон натиҷаи санҷиш нишон дод, ки дар гурӯҳҳои санҷидашуда аз 180 нафар донишҷӯ дар дарсҳо 116 нафар иштирок намуда, 62 нафарашон бо сабабҳои гуногун иштирок надоштанд, ки ин 64% -ро ташкил медиҳад.

Вазорати маориф ва илм таъкид доштааст, ки натиҷаи санҷишҳо дар ҷаласаҳои назоратии назди вазири маориф ва илм баррасӣ мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД