Commerc banl
Вазорати нақлиёт аз боришоти зиёд ва роҳҳои хатарнок ҳушдор дод
13.03.2026
Oila.tj
112

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз ронандагон хостааст, ки дар шароити номусоиди ҳаво ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо эҳтиёткор бошанд.

Инчунин, вазорат аз ширкату муассисаҳое, ки масъули нигоҳдории роҳҳои кишвар мебошанд, даъват кардааст, то ба боришоти эҳтимолӣ ва паёмадҳои онҳо омодагӣ бинанд.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, як ҳафтаи охири моҳи март дар ноҳияҳои кӯҳии кишвар боридани борону барф пешгӯӣ мешавад.

Гуфта мешавад, ки дар баъзе минтақаҳо ғафсии қабати барф метавонад то 30 сантиметр расида, сатҳи об дар дарёҳо баланд шавад. Дар чунин шароит хатари фаромадани тарма, сангреза ва омадани сел дар роҳҳо афзоиш меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД