formula
Витаминҳои ҷавонӣ
1406

 

Дар пажмурдаву пир шудани ҷисми мо ҳормонҳо гунаҳкоранд. Аниқтараш норасоиву миқдори ками ҳормонҳо инсонро бармаҳал пир мекунад.

Ҳормони занонаи эстроген — кафили зебоиву ҷавонии зан ба шумор меравад. Бо рафтани синну сол, яъне баъди 30-солагӣ коркарди ҳормонҳо дар ҷисми зан кам мешавад. Аз ин рӯ, барои барқарор сохтани норасоии ҳормонҳо ба ҷисм кӯмак расонидан лозим аст.

Фитоэстрогенҳо — моддаҳое мебошанд, ки дар таркиби растаниҳо вуҷуд дошта, таркибашон ба ҳормонҳои ҷинсии занона монанд аст. Моддаҳои мазкур дар ҷисми инсон ҳамон амалеро иҷро мекунанд, ки эстрогенҳои асил анҷом медиҳанд.

Ба фитоэстрогенҳо маҳсулоти зерин дохил мешаванд: соя, нахӯд, лӯбиё, замбурӯғ, карам, меваи ғубайро (рябина), юнучқа (клевер), мармарак (шалфей).

 

Маҳсулоте, ки фитоэстроген дорад

Дар Амрико бо истифода аз маҳсулоти дорои соя бемориҳои занонаро аз қабили дардҳои қабл аз давраи ҳайз ва климаксро табобат мекунанд. Аҷибаш дар он аст, ки бонувони зеботарин маҳз истеъмоли ҳамин маҳсулотро дӯст медоранд, зеро ҷисми инсон худаш ба ин ё он маҳсулот майл доштанашро нишон медиҳад.

 

Замбурӯғ

Замбурӯғҳои бирён, очонидашуда, дар қаймоқ дамдодашуда, умуман хӯрокҳои аз замбурӯғ омодашуда барои зебову раъно шудани зан мусоидат мекунанд. Замбурӯғ дорои витамину сафедаҳои растанигӣ буда, баъзе навъҳои онро дар тибби мардумӣ васеъ истифода мебаранд. Замбурӯғро ба ҷои гӯшт истифода бурдан мумкин аст.

 

Буттамева ва гиёҳҳо

Меваи ғубайро (рябина)-сарчашмаи фитоэстрогенҳо, витамин ва микроэлементҳо мебошад, ки таъсири муъҷизаофар дорад. 15-20 дона меваи ғубайроро дар як стакон оби ҷӯшида дам партофта, баъдан дар давоми рӯз нӯшидан лозим аст.

Баргҳои мармарак (шалфей) низ дорои фитоэстрогенҳо мебошад, як қошуқашро дар як стакон оби ҷӯшомада ҷӯшонида, давоми рӯз истеъмол кардан лозим аст. Гиёҳоби мармаракро дар яхдон ях кунонида, ба пӯсти мавзеи рӯю гардан молидан мумкин аст.

 

Карам

Карами пухта ва хом, очонидашуда ва дар хӯришҳо иловашуда, умуман тамоми хӯрокҳои карамдор барои бонувоне, ки қаду қомати зебо доштан мехоҳанд, муҳим аст, зеро ҷисмро аз ифлосиҳо тоза мекунад.

 

Витаминҳои ҷавонӣ

Витаминҳои зеринро ба хӯроки худ дохил намоед:

витамини А — барои ҷавониву беҳтар гаштани нури чашм,
витамини D — барои қомати зебо,
витамини С — барои тақвият бахшидани рагҳои хурди хунгард,

витаминҳои гурӯҳи В — барои мустаҳкамии асаб ва рагҳо,
витамини Е — барои беҳдошти кори тухмдонҳо. Витамин Е ҳамчун витамини ҷавониву зебоӣ эътироф гардидааст.

Асал бояд ҳатман дар рӯихати ғизои зан вуҷуд дошта бошад, калсийро низ фаромӯш накунед.

 

Маҳсулоти муфиди дигар

Боз маҳсулоти дигаре низ вуҷуд доранд, ки бо вуҷуди дар таркибашон набудани фитоэстрогенҳо ҷавониро хеле хуб нигоҳ медоранд.

 

Авокадо аз ҷисм холестеринро тоза намуда, аз калий ва витаминҳои Е ва С ғанӣ буда, хеле фоидабахш аст.

 

Муруди ҷангалӣ (черника) боз як бутамеваест, ки дар тибби халқӣ васеъ истифода шуда, таъсири бактерисидӣ дошта, кори рӯдаву меъдаро ба эътидол меорад. Дар натиҷа ҳолати пӯсти рӯй рӯ ба беҳбудӣ меорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД