Вазорати корҳои дохилии кишвар хабари ба дарё афтодани мошини хизматии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишери Мирзонаботро тасдиқ намуда, ҷузъиёти ҳодисаро шарҳ додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ҳодисаи нохуш имрӯз, 17-уми июн, тахминан соатҳои 10:40 рӯй дода, мошине, ки раиси вилоят бо он ба сафар баромада буд, дар километри 282-юми шоҳроҳи “Душанбе-Хоруғ”, дар ҳудуди деҳаҳои Зиғар ва Яхчисори ноҳияи Дарвоз бо сабаби баланд будани суръати ҳаракаташ ба садама дучор гаштааст.
“Бо сабаби бо суръати баланд ҳаракат карданаш воситаи нақлиёт ба иншооти муҳандисӣ-сарҳадӣ бархӯрда, ду сутунпоя ва симхорро зер карда, ба дарёи Панҷ сарозер мешавад”,- омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ки дар дохили мошини хизматӣ ёрдамчии раис Ҷанобилшоев Садоншо, худи раиси вилоят Алишери Мирзонабот ва ҳамсару фарзанди хурдсолаш қарор доштаанд.
Бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва дигар шахсони масъул дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, санҷиши ин ҳодисаи нохуш зери назорати Сарвари давлат қарор дорад.