formula55
ВНМО сироят намекунад агар...
999

Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ 732 нафар гирифтори Вируси норасоии масунияти одам ошкор гардид, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 158 нафар кам мебошад.

Рустам Нуров, директори Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО ба хабаргузории “АМИТ Ховар” гуфтааст, ки ин беморӣ давоми 40 соли охир ба яке аз мушкилоти асосии аҳли сайёра табдил ёфтааст.

Номбурда қайд кардааст, ки аз соли 1991 то ин ҷониб дар кишвар 13 ҳазору 802 нафар шахсони сироятёфта ба ВНМО ба қайд гирифта шуда, аз инҳо 3 ҳазору 855 нафарашон фавтида, 9 ҳазору 947 нафар шахсони бо вирус зиндагикунанда дар қайди оморӣ қарор доранд.

Ҳамасола 1-уми декабр Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории Вируси норасоии масунияти одам ВНМО дар ҷаҳон таҷлил карда мешавад. Бемории мазкур тавассути хун, алоқаи ҷинсии ҳифзнашуда, сӯзандоруҳои тамъизнашуда, инчунин аз модари сироятёфта ба навзод ҳангоми таваллуд, истифодаи асбоби тиббии тамъизнашуда ва ширмаконӣ сироят мекунад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ВНМО ба воситаи оби даҳон, салом кардан, ба оғӯш гирифтан, сулфа, атсазанӣ, оббозии якҷоя дар ҳавзи шиноварӣ, ҳаммом, ошхона ва истеъмоли якҷояи хӯрок сироят намекунад.
Дар ҳоли ҳозир 87 фисади нафарони бо ин вирус зиндагидошта комилан безарар буда, наметавонанд вирусро ба дигарон интиқол диҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД