arzon replenishment
Вокуниши ВКД –и Тоҷикистон
1171



Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва генерал-полковники милитсия дар робита ба қазияи хунине, ки рӯзи 4-уми январи соли 2023, ки дар тарабхонаи “Хинкалная Тбилисо”, воқеъ дар шаҳри Митишии вилояти Москваи Федератсияи Россия сар зада, боиси ҳамчун гумонбар дар куштори ҳамкораш дастгир шудани як муҳоҷирзани тоҷик бо номи Сайёра Дусаева гашт, ба вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия, генерали политсия Колоколтсев В. А. барқия ирсол намудааст.
Рамазон Раҳимзода дар барқия аз ҳамтори русаш хоҳиш шудааст, ки ҷиҳати воқеъбинона баррасӣ намудани ҳодисаи мазкур ва таҳти назорат қарор додани он мусоидат намояд.
Хотиррасон мекунем, ки як ошпази ин тарабхона шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дусаеваро бераҳмона латукӯб намуда, нисбаташ зӯроварии ҷисмонӣ ва таҳқиру тавҳинро раво дида, шаъну шарафи ӯро паст кардааст ва номбурда маҷбур шудааст барои муҳофизати худ бо истифода аз корд ӯро ба ҳалокат расонад.
Оид ба ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти дахлдори Федератсияи Россия парванда оғоз ёфта, тафтишоти ин қазия идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД