“Роскомнадзор” ба хотири пешгирии қаллобӣ ба маҳдуд кардани зангҳои овозӣ дар WhatsApp ва Telegram шуруъ намудааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, баъди ба кор даромадани системаи Antifraud дар соли 2024, ки зангҳоро бо ивази рақам маҳдуд месозад, аксарият ба мессенҷерҳои хориҷӣ гузаштаанд, ки соҳибонашон талаботҳои амниятиро нодида мегиранд.
Вазорати рушди рақамӣ, коммуникатсия ва васоити ахбори оммаи Федератсияи Русия ин иқдомро дастгирӣ намуда, изҳор доштааст, ки дастрасӣ ба зангҳо танҳо дар сурати риоя кардани мессенҷерҳо ба қонунгузории Русия барқарор карда мешавад.
Истифодабарандагон аллакай аз ҳар хел садоҳои халалдоркунанда ва хишир-хишир шикоят карда истодаанд.
Telegram хабар додааст, ки онҳо ҳамарӯза миллионҳо маводи зарароварро нест мекунанд ва инчунин танзимоти муфассали махфияти зангҳоро ҷорӣ кардаанд.
Ёдрас мешавам, ки WhatsApp ва Telegram дар Русия маъруфияти зиёд доранд ва аксари муҳоҷирони меҳнатии тоҷик маҳз аз ин шабакаҳо истифода мебаранд.