goodwell
Як мансабдор дар Бӯстон ба гирифтани хона ва 90 ҳазор доллар пора гумонбар дониста мешавад
07.08.2026
Оила
73

 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон алайҳи роҳбари дастоҳи раиси шаҳри Бӯстони вилояти суғд Олимҷон Мирмуҳамедов бо иттиҳоми гирифтани 90 ҳазор доллар ва 120 метри мураббаъ хона бо арзиши 600 ҳазор сомонӣ ҳамчун пора парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.

Тавре ки Сафар Салимзода сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ хабар додааст, Мирмуҳамедов барои додани иҷозати сохтмони бино аз шахс беш аз 460 ҳазор сомонӣ ва 120 метри мураббаъ хона ва аз нафари дуввум 40 ҳазор доллар пора гирифтааст. Мақомот алайҳи роҳбари дастоҳи раиси шаҳри Бӯстони вилояти суғд Олимҷон Мирмуҳамедов барои гирифтани пора аз сӯйи шахси мансабдор бо қисми 4-и модаи 319 ва сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ бо қисми 1-и моддаи 314-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз намудаанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД