Шунавандаи соли дуюми Консерваторияи миллии Тоҷикистон Муаттара Маликова дар ду озмуни байналмилалӣ ғолиб омадааст.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ дар консерватория хабар дода, гуфтанд: “Санаи 31-уми январи соли 2026 Муаттара Маликова дар озмуни байналмилалии ба номи Стравинскийи шаҳри Санкт-Петербург ба таври маҷозӣ иштирок намуда, соҳиби дипломи дараҷаи 1 гашт, моҳи март бошад, ин духтараки боистеъдод дар озмуни байналмилалии ба номи С. И. Савшинский иштирок карда, лауреати дараҷаи 2 гашт”.
Донишҷӯёни дигари консерватория низ дар фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Аз ҷумла донишҷӯйи соли дуюми шуъбаи фортопианно Фирдавс Устобоев дар озмуни байналмилалии “MAESTOSO” дар шаҳри Қазон сазовори ҷойи дуюм гаштааст. Донишҷӯйи дигари ин даргоҳи ҳунар Фаррух Раҳимов дар фестивал-озмуни «Есть только мы»-и шаҳри Маскав сазовори ҷойи аввал гардидааст.