goodwell
Як зани тоҷик ҳангоми адои ҳаҷ дар Макка ҷон додааст
212

Холинисо Сабзаеваи 55-сола сокини шаҳри Ваҳдат мебошад, ки ҳангоми адои ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ ҷон додааст.

Тибқи иттилои Кумитаи дин, марҳум ба бемории дил гирифтор буда, пас аз адои маносики ҳаҷ вафот кардааст ва ӯро дар шаҳри Макка ба хок супоридаанд.

“Ин зоири тоҷик тамоми аркони ҳаҷро адо карда, сипас бар асари хурӯҷи бемории дил аз олам чашм пӯшид. Дар Макка ҷаноза карда, ҳамон ҷо ба хок супориданд”,- омадааст дар хабар.

Ёдрас мешавем, ки 28-уми май роҳбари корхонаи “Субҳи Ватан” Абдуманнон Эрматови 59-сола ҳангоми адои Ҳаҷ дар шаҳри Макка бар асари бемории дил аз олам гузашта буд ва ҷасади ӯро низ дар Арабистони Саудӣ ба хок супурданд.

Тибқи қонунҳои ҷории Арабистони Саудӣ, ҳоҷиёне, ки ҳангоми адои ҳаҷ вафот мекунанд, дар Масҷидулҳарам ҷаноза карда мешаванд ва ҷасадашон дар қабристонҳои махсуси шаҳри Макка дафн мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД