sebiston july new
Ярч ба болои Эквадор омад
548

Дар натиҷаи фаромадани ярчи азим, ки шаби якшанбе дар шаҳри Алауси вилояти Чимборасо дар қисмати марказии Эквадор рух дод, на кам аз 16 нафар ҳалок ва 16 нафари дигар  захмӣ шуд.

То ҳол 7 нафар бедарак ҳисобида шуда, хонаҳои зиёд хароб гаштаанд, 65 фоизи шоҳроҳи асосӣ ҳаракатнопазир шуда, 25 дарсади чароғҳои кӯчаҳо аз кор мондааст.

Тибқи фармони президенти Эквадор, Котиботи миллии идоракунии хавфҳо талошҳои кумакрасониро бо Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Вазорати тандурустии мамлакат, инчунин полис ва хадамоти оташнишонии маҳаллӣ ҳамоҳанг мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД