Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва имкониятҳои нав барои муҳоҷирон
112

Ҳамасола 18-уми декабр ҳамчун “Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон” таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин сана, бо ибтикори Маркази захиравии муҳоҷирон махсус барои муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта ва занону ҷавонон рӯзи 18-уми декабр дар бинои IT-Park Душанбе Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва имкониятҳои нав ташкил карда мешавад.

Дар ярмаркаи мазкур натанҳо корхонаҳои ватанӣ, балки ширкатҳои хориҷӣ низ иштирок намуда, ба корҷӯён ҷойҳои кории муносибро бо шароитҳои хуби меҳнатӣ ва музди арзанда пешниҳод менамоянд.

Агар шумо дар ҷустуҷӯйи кори муносиб ва имкониятҳои нав ҳастед, ҳатман санаи 18-уми декабр аз соати 10:00 то 14:00 ба IT-Park Душанбе ташриф оред ва аз ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дидан намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД