Arzon april 2022
Зан кал мешавад?
14.05.2022
ОИЛА
583
no-img


Салом! Зани 45-сола ҳастам ва дар як идораи бонуфуз кор мекунам. Дар ҷавонӣ мӯйи дарозу ғафс доштам, вале чанд соли охир мӯйи сарам бошиддат рехта, бениҳоят каммӯй шудаам. Метарсам, ки тамоман кал ва шарманда нашавам.

Одатан баъзе мардҳо баъди 40-45 солагӣ кал мешаванд. Мехостам донам, ки занҳо ҳам кал мешаванд ё не? Умуман, дар бораи сабабҳои рехтани мӯйи сар ва роҳҳои табобати он чӣ гуфта метавонед?
Н. Д, сокини ш. Душанбе.

Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ


Хоҳари азиз! Шумо дуруст мегӯед, ки баъзе мардҳо баъди 40-45- солагӣ тамоман кал мешаванд. Аниқтараш мӯйи сарашон рехта, бештар мӯйи қисмати пеши сар рехта, сарашон тос, яъне кал шуда мемонад. Худи калшавӣ ба маънии аслиаш як намуди беморӣ буда, онҳое, ки дар ҳақиқат кал ҳастанд, сарашон пур аз шукуфаю яра аст. Калшавие, ки шумо мегӯед, тамоман чизи дигар буда, бо сабаби рехтани мӯйи сар ба вуқуъ мепайвандад. Сабаб ва омилҳои рехтани мӯйи сар хеле зиёданд. Пасту баланд шудани сатҳи ҳормонҳо дар ҷисми инсон, хастагию асабонияти зиёд, бисёр дар назди компютер нишастан, таъсири баъзе дорувориҳо ва як қатор бемориҳои пӯсти сар метавонанд боиси бо шиддат рехтани мӯйи сар гарданд. Мӯйи сари занҳои ҷавон бештар дар давраи ҳомиладорӣ мерезад. Дар занҳои нисбатан калонсолтар рехтани мӯйи сар ба климакс низ вобастагӣ дошта метавонад. Ба ғайр аз ин, рехтани мӯйи сар дар занҳое, ки рӯзи дароз бо компютер кор мекунанд, ҳамчунин дар хонумҳое, ки стресс ва асабонияти шадидро аз сар гузаронидаанд, зиёд ба назар мерасад. Як қатор бемориҳои дохилӣ низ метавонанд боиси рехтани мӯйи сар гарданд. Ногуфта намонад, ки худи раванди пиршавии организм низ боиси рехтани мӯйи сар гашта, хоҳ-нохоҳ бо мурури замон мӯйи сари инсон кам ва сафед мешавад. Хушбахтона, хонумҳо, яъне занҳо ба пуррагӣ кал намешаванд, вале мӯйи сар метавонад аз ҳад беш рехта, бениҳоят кам шавад, бинобар ин, ин равандро пешгирӣ кардан лозим аст. Сабаби рехтани мӯятонро фаҳмидан хоҳед, ба табибон муроҷиат намуда, ташхисҳои заруриро супоред. Барои манъ кардани резиши бошиддати мӯйи сар ва мусоидат намудан ба аз нав баромадани мӯй бошад, ман ба шумо аз гиёҳҳои табиӣ истифда бурданро маслиҳат медиҳам.


Нусхаи аввал
Барги газна 80 гр., решаи газна 20 гр., решаи аир 10 гр. Ин гиёҳҳоро дар 130 грам спирти 95% андохта, ба он 50 мл. обро ҳамроҳ кунед ва муддати як ҳафта дар ҷойи торик нигоҳ доред. Пас аз ин даворо ҳар рӯз кам-кам ба саратон молидан гиред.
Нусхаи дуюм
Решаи аирро як моҳ ҳар бегоҳ ҷӯшонда ба саратон молед, мӯйҳои рехтаатон аз нав мебароянд. Решаи аир касалиҳои пӯсти сарро низ шифо бахшида, сабӯсакро нест мекунад.
Нусхаи сеюм
Гули алоэро аз мошини гӯштқиммакунак гузаронед ва шираашро дар ягон зарфи шишагин бигиред. Ба шираи гули алоэ каме шароби ангуриро ҳамроҳ карда, нағзакак аралаш намоед ва ба саратон молед.
Нусхаи чорум
Мардуми рус барои пешгирӣ намудани калшавӣ муддати даҳ рӯз як порчагӣ нони сиёҳро дар об тар карда, баъд меҷафанду ба он оби як дона пиёзро ҳамроҳ карда, ба сарашон мебанданд, яъне компресс мекунанд. Пӯсти пиёзро дар алоҳидагӣ ҳам ҷӯшонда, бо обаш саратонро обгардон кунед ё оби пиёзро ба саратон молед, муфид аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД