Arzon march 2024
"Занги муфид": ZET-MOBILE ба муштариёнаш ҳамарӯза 100 сомонӣ тӯҳфа медиҳад
09.08.2022
ОИЛА
616


Аз санаи 8-уми август ширкати ZET-MOBILE мавсими тӯҳфадиҳиро эълон мекунад. Дар давоми 2 моҳ, хамаруза 10 нафари хуштолеъ аз ҷониби ширкат ба суратҳисоби худ 100 сомонӣ мегиранд.

Барои ширкат варзидан дар иқдоми "Занги муфид", шумо бояд 24 соат дар 7 рӯз дар шабака бошед.

Ҳар рӯз, система ба таври тасодуфӣ одамони хуштолеъро интихоб намуда, соҳиби "занги муфид" мегардонад. Қоидаи аксия ҳамин аст, ки ҳангоми занг задани телефон муштарӣ бояд дар алоқа бошад.

"Чаро мо ба муштариёни худ чунин тӯҳфа медиҳем? Мақсади мо хушҳол сохтани худ ва муштариён аст. Мо таваҷҷӯҳро нисбати ширкати худ қадр мекунем ва ба ҳар нафаре, ки маҳз моро интихоб мекунад, миннатдорӣ баён мекунем”, - қайд намуданд дар дафтари матбуоти ширкат.

Нафароне, ки дарҳол ба занги телефонӣ ҷавоб намедиҳанд, аз рӯйхати ғолибон хориҷ карда мешаванд.
Маблағи туҳфашударо барои пардохти абонентӣ, пайваст намудани баста ё хизматрасониҳои дигар сарф кардан мумкин аст. Дар сурати сарф нагаштани 100 сомонӣ дар муддати 30 рӯз маблағ бекор карда мешавад.
Тамоми муштариёни ZET-MOBILЕ дар иқдоми мазкур ширкат меварзанд.
ҶДММ “ТАКОМ”, ки солҳои охир таҳти бренди ZET-MOBILE фаъолият менамояд, муддати 20 сол аст, ки дар саросари кишвар хизматрасонӣ мекунад. Аз рӯзҳои аввали фаъолияти ширкат таҷдиди калон гузаронида мешавад. ZET-MOBILE бори аввал дар кишвар амалиёти тиҷоратии 5G-ро пешниҳод намуд.

Акнун алоқаи насли панҷум барои муштариёни ширкат дастрас аст. Онро дар шоҳроҳи шаҳри Душанбе, дар наздикии Барқи тоҷик, дар маркази Хуҷанд ва Бохтар истифода бурдан мумкин аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД