Як зани 36-солаи тоҷик дар пайи садама дар Амрико ҷон бохта, се фарзанди ноболиғи ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд. Ҳодиса рӯзи 6-уми феврал дар наздикии шаҳри Скрибнери иёлоти Небраска рух додааст. Дар ин бора наздикони марҳум ба расонаҳо хабар додаанд.
Ин зан, ки Дилрабо Азизбекова ном бурда мешавад, ҳангоми ҳодиса худ дар сари фармони мошин буда, се фарзандаш низ ҳамроҳаш будаанд. Зан дар ҷойи ҳодиса ҷон бохта, писари 9-солааш бо осеби шадиди мағзи сар дар шуъбаи эҳё қарор дошта, духтари 11-сола ва писари 5-солааш бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон будаанд.
Сабаби садама ва тафсилоти дигари ҳодиса то ҳол маълум нест.
Ба иттилои пайвандонаш, Дилрабо Азизбекова танҳо фарзандонашро ба воя мерасонд ва се моҳ пеш, баъди барандаи бозии бурдноки Грин-корт шудан, барои кору иқомат ба Амрико рафтааст.
Ҳанӯз ҷасади Дилрабо Азизбекова ба Тоҷикистон оварда нашудааст ва маълум нест, ки ӯро кай ба ватан меоранд ва ба хок месупоранд.