formula
Зани кӯдаки 2 моҳаашро 20000 сомонӣ фурухту...
979


Фарзандкушию фарзандфурӯшии иддае аз занони беандеша, ки ба номи поки модар иснод меоранд, солҳои охир ба доғи нангини ҷомеаи мо табдил ёфтааст. Инак, боз як зани тоҷикро бо ҷинояти вазнини кӯдакфурӯшӣ дастгир намуданд.

Зане, ки бо иттиҳоми фурӯхтани тифли навзод дастгир шудааст, сокини нҳияи Ашти Вилояти Суғд буда, 36- сол дорад. Ин зан мехост духтарчаи 2 моҳаашро бар ивази 20 ҳазор сомонӣ фурӯшад, вале...

Дар ноҳияи Ашт кӯшиши фурӯши духтарчаи думоҳа бар ивази 20 ҳазор сомонӣ пешгирӣ карда шуда, аз ҷониби крмандони милитсия мдари фарзандфурӯш бо иттиҳоми хариду фурӯши кӯдаки ширмак боздошт шудааст.
Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД вилояти Суғд дар нашри навбатии барномаи “Милитсия хабар медиҳад” ҷузъиёти ин қазияро ошкор намуда гуфт, кормандони милитсия аз қасди ин зан барои фурӯши фарзандаш хабар ёфта, ба хотири пешгирӣ аз ин амали бад ва ошкор кардани ҷиноят як харидори сунъиро ба бозӣ дароварданд. Зан кӯдакро якҷо бо шаҳодатномаи таваллудаш фурӯхтанӣ будааст ва аз харидор 7 ҳазор сомонӣ пешпардохт гирифта, 13 ҳазор боқимондаро мебоист баъди ба номи харидор гузарондани тифлаш бигирад, аммо дар рафти амалиёти оперативӣ аз ҷониби кормнадни милитсия бздошт шуда, айни заомн нисбаташ бо моддаи 167-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст.
Сабаби фарзандашро ба савдо гузштани ин зан маълум нест, вале дар як моҳи охир ин аллакай дуюмин ҳодисаи ошкоршудаи фурӯши кӯдакиширхора аз ҷониби модарон дар вилояти Суғд мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД