Arzon march 2024
Зани миллионер барои табобати писараш пул надод
926


Хасисии модар писарро аз як пой маҳрум сохт
Хасистарин одам дар дунё Генриетта Ҳоулэнд ба шумор меравад. Ин бону 3-юми июли соли 1916 дар синни 81 - солагӣ аз бемории сактаи дил аз олам чашм пӯшид. Ин зан ҳамчун хасистарин одами ҷаҳон дар "Китоби рекордҳои Гиннесс" сабт шудааст.
Генриета айёми ҷавониашро бо як курта, як пойафзол ва як кулоҳ сипарӣ кардааст. Аз ҳамин сабаб баъдан пулдор шуда бошад ҳам, вай ҳамеша сарфакорӣ менамуд. Генриета ба дараҷае сарфаю сариштакор буд, ки ҳатто сачоқҳои коғазиро намепартофт, онҳоро тоза намуда, аз нав истифода мекард.
Ин зан он қадар мумсик ва хасис буд, ки вақте пойи писараш ҷароҳат гирифт, ӯро дар беморхонаи оилаҳои нодор бистарӣ кард. Дар натиҷа фарзандаш аз як пой маҳрум гашт.
Аз Генриета ба ду фарзандаш 4 миллиард доллари ИМА мерос монд. Аз ин ҳисоб, писараш ширкати мошинсозӣ кушоду духтараш нисфи пулро ба ятимхонаву одамони бепарастор дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД