arzon replenishment
“Зани оҳанин” 69-сола шуд!
751

 

Тоҷинисо Саидова, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик ба синни мубораки 64-солагӣ қадам ниҳод. Ин бонуи пурҳунар 11- октябри соли 1953 дар ноҳияи Муъминобод ба дунё омадааст.

Тоҷинисо Саидова ҳамчун ҳунарманд дар иҷрои нақшҳои мазҳакавӣ ҳамто надорад. Ин бонуи сар то по ҳунар дар жанри драмма ва фоҷиа низ образҳои хотирмон офаридааст, махсусан нақшҳои дар намоишномаҳои «Интихоби домод», «Хостгорӣ», «Исёни арӯсон», «Садо аз тобут», «Кафшҳои Абулқосим», «Охирин арӯси амиралмӯъминин», «Бахтатро бедор кун», «Эдип», «Ҷияни хира», «Имтиҳон», «Лаку Пак» бозидааш Тоҷинисо Саидоваро азизи дили мардум гардонидаанд.

Тоҷинисо Саидова 11- октябри соли 1953 дар ноҳияи Муъминобод ба дунё омада, соли 1975 Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Маскавро хатм намудааст. Пас аз хатми ин донишкадаи бонуфуз ӯ дар театри давлатии академӣ — драмавии ба номи Лоҳутӣ ба фаъолияти ҳунарӣ шуруъ намуда, дар тули 16-сол дар ин даргоҳи ҳунар садҳо нақшҳои хотирмон офаридааст.

Соли 1991 Тоҷинисо Саидова ба театр-студияи «Оина» гузашта, фаъолияти худро ҳамчун ҳунарманд идома дод.

Бештари мухлисон Тоҷинисо Саидоваро тавассути новеллаи “Оина”, силсиланамоишҳои телевизионии «Дугонаҳо ба театр мераванд» ва намоишномаи телевизионии «Зани оҳанин» "мешиносанд. Ҳунари волои ин ҳунарманди пуртаҷриба махсусан дар намоишномаи ҳаҷвии телевизионии “Зани оҳанин" бо тамоми рангорангиҳояш ҷилва карда, дили бинандагонро тасхир месозад.

Хизматҳои Тоҷинисо Саидова бо унвонҳои баланди Ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон (1996) ва Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон (2006) қадрдонӣ карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД