arzon replenishment
Зани оқила мардро бой мекунад
730

 

Мардуми тоҷик мақоли хубе доранд: “Аввал зану охир зану он гоҳ зану мард!”. Ин мақоли халқӣ фалсафаи бузурге дошта, то кадом андоза муҳим будани нақши занро дар ҳаёти мард ва умуман оила нишон медиҳад. Зани оқила метавонад мардро ба сӯйи комёбиҳо раҳнамоӣ карда, соҳиби давлату сарват ва обрӯю эҳтиром гардонад, зани беҳавсала ва беҳунар бошад, ҳатто марди муваффақро ба хоки замин баробар месозад.

Имрӯз мо ба шумо дар бораи 5 роҳи осони миллионер кардани шавҳар маълумот медиҳем. Мехоҳед ҳамсаратон бою бадавлат шавад ва соҳиби зиндагии серу пури хушбахтона гардед, пас мутаваҷҷеҳ бошед!

СИРРИ 1

Марди ҳақиқиро интихоб намоед

Мехоҳед, ки шавҳари миллионер ва бообрӯ дошта бошед, пас дар интихоби бахт ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Аз мардоне, ки ҳамеша аз бепулӣ меноланд ва дар тамоми мушкилоти зиндагиашон дигарон, тақдири бад, ҷомеа, корхона ё ноадолатии замонро гунаҳкор намуда, бечоранолӣ мекунанд, худро дур бигиред. Дониста бошед, ки чунин мард ҳаргиз миллионер ва соҳиби ягон мақому мартаба намегардад. Марди ҳақиқӣ дар душвортарин ҳолатҳо низ таслим нашуда, роҳи аз вартаи бепулӣ баромаданро ҷустуҷӯ мекунад ва барои ҳалли масъала ва беҳтар намудани вазъият талош менамояд. Марди асил дар назди худ ҳамеша мақсадҳои бузург мегузорад - чӣ гуна як миллион пул кор кунад, хонаи боҳашаммат бисозад, мошин харад ва ғайраву ҳоказо...

Хоҳед, ки худи шумо ва фарзандонатон дар оянда серу пур зиндагӣ кунанд, ба чунин ҷавонмарди боғайрат, кордон ва чусту чолок, ки дар зиндагӣ мақсадҳои наҷиб дорад ва ҳамеша барои ба орзуву нияташ расидан талош мекунад, ба шавҳар бароед.

СИРРИ 2

Орзу карданро ёд гиред

Оё медонед, ки мардони сарватманд чӣ гуна духтаронро интихоб мекунанд? Онҳо занеро ҷустуҷӯ мекунанд, ки ба зиндагӣ хушбин буда, ҳаргиз қошу қавоқ намеандозад, бечоранолӣ намекунад ва бо саволҳои зиёдаш ҷони мардро ба лабаш намерасонад. Шавҳари пулдор мехоста бошед, бояд худро низ чунин тарбият намоед, зеро зане, ки ба зиндагӣ хушбин аст ва орзуҳои наҷиб дорад, барои ба қуллаҳои хеле баланд расидан ба мард неру мебахшад. Корҳои шавҳаратон айни замон чандон бобарор набошанд ҳам, ҳаргиз дар назди вай шавҳари дугонаатон ё марди дигарро таъриф карда, марди худро паст назанед. Чунин рафтори зан рӯҳияи мардро шикаста, ӯро ба вартаи навмедӣ тела медиҳад. Ба ҷойи ин орзуҳои ширин карда, ҳамроҳи шавҳаратон дар якҷоягӣ тасаввур кунед, ки чӣ тавр пас аз як ё се сол бо мошини гаронбаҳои худ ба сайру саёҳат меравед, дар хонаи зебои сеошёнаатон зодрӯзи фарзандатонро ҷашн мегиред ё ҳамроҳ ба ягон истироҳатгоҳи хориҷӣ, масалан ба Анталия меравед. Беҳуна “нияти нек - ними давлат” намегӯянд. Вақте ки кас дар бораи чизҳои хуб фикр мекунад, энергияи мусбатро ба худ ҷалб месозад ва корҳояш пешрав гашта, ба мақсадҳои дар назди худ гузоштааш мерасад, албатта ба шарте, ки рӯз то бегоҳ дар болои диван дароз накашида, барои амалӣ кардани орзуҳояш талош намояд.

СИРРИ 3

Кӯҳро занӣ, талқон мешавад, мардак!

- Ҳеҷ гоҳ ба ақлу дониш ва ҳунару маҳорати марди худ шубҳа накунед. Ба шавҳаратон бовар кунед ва ҳамеша ба ӯ талқин намоед, ки марди шумо ба ҳама кор қодир аст, агар кӯҳро занад, талқон мешавад. Эътимод ва боварии зан ба мард неру мебахшад ва ӯ барои пули бештар кор кардану боз ҳам беҳтар сохтани шароити зиндагӣ даҳчанд талош хоҳад кард.

- Аммо ҳаргиз ба ҷойи кори шавҳаратон рафта, кору бори ӯро тафтиш накунед ва ин хел куну он хел кун гуфта, маслиҳат надиҳед. Вақте ки зан ба ҷойи кори шавҳараш омада, ақлакӣ мекунад, мард дар назари дигарон занкалон намуда, қадру қиматаш ба хоки сияҳ яксон мешавад.

СИРРИ 4

Миннатдории зан мардро рӯҳбаланд месозад

Сирри чоруми муваффақ гаштани мард - ин миннатдории зан аст, бинобар ин, барои чизҳои хурдтарин низ ба шавҳаратон раҳмат гуфтанро фаромӯш накунед. Як мисоли оддӣ: вақте ки шавҳаратон як моҳи дароз кор карда, маошашро ба хона меорад, шумо ба ӯ ташаккур мегӯед ё не?! Шояд шумо бигӯед, ки таъмини оила вазифаи мард аст ва фақат барои пули маошашро ба хона овардан ба ӯ ташаккур гуфтан зиёдатист, вале дар асл ин барои пешравии мард ниҳоят муҳим аст.

Вақте ки зан барои чизҳои хурдтарин низ ба шавҳараш миннатдорӣ баён намуда, марди худро таъриф мекунед ва то кадом андоза барояш муҳим будани ӯро мефаҳмонед, мард рӯҳбаланд мешавад ва кӯшиш мекунад, ки маблағи бештар кор карда, барои бонуи хонааш чизҳои боарзиштар биёрад. Миннатдорӣ ва шукргузории зан ба мард илҳом мебахшад, бинобар ин, хоҳед, ки шавҳаратон миллионер шавад, дар як рӯз чанд маротиба барои ҳар чизе, ки меорад ва коре, ки мекунад, ба вай миннатдорӣ баён намоед.

СИРРИ 5

Сабр ва меҳнат

Ба фикратон миллионерҳо дар як рӯз ин қадар давлату сарватро ба даст оврадаанд? Албатта не! Талаб накунед, ки мард ҳама чизро якбора ба даст биёрад. Барои ба даст овардани даромади хуб, марди шумо бояд заҳмати зиёд кашад ва шумо бояд ҳамеша ҳаматарафа ӯро дастгирӣ намуда, рӯҳбаланд созед. Аз ҳама муҳимаш ба ғайр аз дастгирии шавҳар ва боварӣ ба марди худ, шумо бояд дар болои худатон низ кор карда, роҳҳои сарфа кардани пулро омӯзед. Шавҳаратон ҳамон кореро мекарда бошад, ки шумо ҳам аз уҳдааш мебароед, ба вай ёрӣ расонед. Шавҳаратон тоҷир ва аз хориҷа бор меоварда бошад, шумо метавонед дар бозор нишаста савдо кунед ё тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бори овардаашро таблиғ намуда, дар ба фурӯш рафтанаш кумак бирасонед. Бо ҳамин роҳ шумо барои зудтар комёб гаштан ва миллионер шудани шавҳаратон ёрӣ расонида, худ низ соҳиби зиндагии серу пури шоҳона хоҳед гашт.

Фаромӯш накунед, ки Ҳаким Фирдавсӣ беҳуда нагуфтааст:

Зани хубу фармонбару порсо,

Кунад марди дарвешро подшоҳ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД