Баъди ташхиси духтури занона маълум шуд, ки Зулола ду-сеҳафтаина ҳомила аст. Хурсандии аҳли хонавода ҳадду канор надошт, вале худи Зулола ғамгин буд. Ҳис мекард, ки Анвар ӯро ҳамчун зан дӯст намедорад. Ҳар шаб ба назди зани пинҳонӣ рафтанаш ба ин далолат мекард.
Баъди шунидани хабари хуши ҳомилагии вай Анвар ҷогаҳашро аз ҳамсараш ҷудо карда, баҳона пеш овард, ки гӯё дилаш ба дидани дилбеҳузурии зани ҳомилааш тоқат надорад. Акнун рӯирост шабона чизе нагуфта аз назди ҳамсараш ба берун мебаромад.
Боре Зулола аз Анвар пурсид, ки чаро шабҳо маро партофта ба куҷое меравӣ, магар маро дӯст намедорӣ?
- Ин чӣ савол аст? Дигар чунин саволдиҳиатро нашунавам. Фаҳмидӣ?
- Фаҳмидам,- аз дод задану сахт ба ғазаб омадани Анвар Зулола тарсида, дигар суол надод. Ба хотири тифли шикамаш ба тақдираш тан доданӣ буд.
Шабе аз фиғони баланди занона Зулола аз хобаш тарсида бедор шуд. Дари утоқашро кушода, ба рӯйи ҳавлӣ баромаданӣ шуд. Аммо дар роҳрави ошёнаи дувум хушдоману шавҳарашро дид, ки аз ду тарафи ҷавонзани хеле нозанини кокулбофтаю ороста бо зӯрӣ қапида, ӯро ба боло бароварданӣ буданд. Ин ҷавонзан он қадар ҳусну латофат дошт, ки ҳатто Зулола ба чеҳраи моҳи ӯ нигариста, забонаш лол монд.
- Сар диҳед маро, ман ба назди ӯ меравам!
- Исто, ҷонам, исто,- Анвар зорикунон аз китфонаш дошта, занро ором карданӣ мешуд.
- Духтарҷонам, рафтем ба ҳуҷраат, ман кокулонатро майдабофӣ мекунам,- зорӣ мекард хушдоманаш.
- Не, сар диҳед маро, ман ба назди шавҳарам меравам.
- Манам шавҳари ҳалолии ту,- гирякунон ӯро ба оғӯш кашида, гуфт Анвар.
- Не, ту одами бадӣ, шавҳари ман гуфт, ки ту маро бо зӯрӣ занҷирбанд кардаӣ, маро сар диҳед...
Зулола ин ҳолатро дида, якбора сахт аламаш карду давида ба утоқи арӯсиаш даромад. Аз дил гузаронид, ки Анвар ба ғайр аз вай зани якум доштааст.
- Пас, чаро ӯро занҷирбанд карда нигоҳ медоранд? Аҷиб, охир, ин ҷавонзани зебо инсон аст, на ҳайвон, ки бо зӯрӣ ба дастонаш ишкел баста, занҷирбандаш кунед.
Ҳамаи ин гиреҳи ҳодиса барои Зулола муаммо буд.
Баъди тахминан ду соат шавҳараш ба утоқашон баргашта, оҳи сарде кашиду якпаҳлу дароз афтода, зери лаб гуфт:
- Зулола, ту ҳам зани зебои маро дидӣ-а?
- Бале, чаро ту ӯро занҷирбанд кардаӣ? Чаро маро дидаву дониста зани дувум гирифтӣ?
- Чунки ин духтар ҷияни модарам, духтари апаи раҳматиаш аст. Ман ба ту имшаб асли воқеаро нақл мекунам. Ин ҷо бишин...
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН