arzon replenishment
Занону духтарони олима дастгирӣ меёбанд
410

Дар Академияи илмҳои Тоҷикистон
курси “Зан-роҳбар” кушода мешавад

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бонувонеро, ки ба пажуҳиш ва омӯзиши илмҳои гуногун шавқу рағбати зиёд доранд, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Айни замон дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ 724 нафар занону духтарон фаъолият менамоянд. Роҳбарияти академия барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо ҳамчун олим ва муттахассисони соҳаҳои гуногун тамоми тадбирҳои лозимаро меандешад.

Ин нуктаро имрӯз Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Президенти нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ баён дошта, дар посух ба саволи хабарнигори сомонаи Оила. ТЧ дар масъалаи баланд бардоштани нақш ва мақоми занону духтарон дар ҷомеа гуфт:

“Дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон курсҳои махсуси “Зан-сарвар” ташкил карда мешаванд. Аз олимаҳои академия сар карда, ин курсро баргузор менамоем, то ки бонувони мо дар оянда барои дар сатҳҳои гуногун кор кардан савияи дониши худро баланд бардошта, ҳамаҷониба омода шаванд.”

 

Хушвахтзода гуфт, ин албатта кам аст ва дар оянда тамоми тадбирҳо андешида мешаванд, то ки шумораи занону духтарони олима дар ҷумҳурӣ бештар гардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД