arzon replenishment
Зарардидагони Роштқалъа дастгирӣ меёбанд
279

Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комиссияи ҳукуматӣ ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис дода шуд. 

Барои таъмини бехатарии аъзои оилаҳои зарардидаи соҳили дарёи Шохдара, аз ҷумла ба ҷойҳои бехавф кӯчонидан, бо маводи ғизоӣ ва дигар шароити зарурии зиндагӣ таъмин кардани онҳо, инчунин, барқарор намудани манзилҳои  сокинони зарардида чораҳои бетаъхир андешида шаванд, дастур доданд Президенти кишвар.

Ҳамчунин, комиссияи ҳукуматӣ оид ба бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ дар Роштқалъа  бо ҷалби роҳбарони вазорату кумитаҳои дахлдори ҷумҳурӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Дар ин замина ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ 23 июни соли равон наздик ба соати 17:24 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар ҳудуди деҳаи Мулловоҷии ҷамоати деҳоти Юсуфбекови ноҳия сел омад. Ин сел бар асари об шудани пиряхҳо аз гармои шадиди рӯзҳои охир ҷорӣ шуд.

Сел бо сангу лойи зиёд ду хонаи истиқоматӣ, ду манзили ёрирасон ва 1,20 га замини зироати кишоварзиро зери об кард. Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ноҳия ба фаъолият оғоз намуд ва 8 хоҷагӣ аз ин деҳа ба ҷойи амн интиқол дода шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД