Заҳролудшавии як кӯдак аз «ФрутоНяня»
165

Дар Тула як кӯдак аз шарбати машҳури “ФрутоНяня” заҳролуд шудааст. Волидонаш бо дидани ҳолати бади фарзандашон ба тарсу изтироб афтода, маҷбур шудаанд, ки ёрии таъҷилиро даъват кунанд.

Дар бастабандии ин шарбати машҳур як моддаи хокистарранги ба мағор монандро пайдо кардаанд.

Волидони писарак мегӯянд, ки ҳоли кӯдак пас аз нӯшидани чанд ҷуръа шарбат якбора бад шуда, ба қайкунӣ даромад ва аз дарди меъда шикоят мекард. Аммо ширкате, ки шарбати “ФрутоНяня”-ро истеҳсол мекунад, исрор дорад, ки бад шудани саломатии кӯдак ба шарбати онҳо алоқамандӣ надорад.

Падару модари кӯдак аз болои ширкат ба додгоҳ шикоят намуда, талаб кардаанд, ки ташхиси мустақилона гузаронида шавад.

Тавре nzrv.official навиштааст, ин аввалин шикоят аз болои шарбати “ФрутоНяня” набуда, қаблан низ волидон дар бораи таъсири нохуши он ба саломатии кӯдакон шиква кардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД