Вазири зеҳни сунъии албания Диелла "ҳомила” шудааст ва ба наздикӣ “кӯдакони рақамӣ”-и зиёдеро ба дунё меорад.
Вазири зеҳни сунъии Албания Диелла бо мақсади мубориза бо коррупсия ва назорати рақамии хариди давлатӣ таъсис дода шудааст.
Тавре сарвазири ин кишвар Эди Рама эълом доштааст, Диелла 83 кӯдаки рақамиро "таваллуд мекунад" - барои ҳар як узви парлумон як ёвари рақамӣ.
Ҳар як «бача»-и таваллудмекардаи Диелла кори як депутатро назорат хоҳад кард:
- воридшавиро ба қайд мегирад;
- ҷаласаҳои кориро сабт мекунад;
- масъалаҳои мавриди муҳокима қарор гирифтаро ёдрас мешавад;
- дар бораи қарорҳои шубҳанок хабар медиҳад...
Ба гуфтаи Рама, интизор меравад, ки "фарзандони Диелла" то охири соли 2026 ба фаъолият шуруъ намоянд.
Мақсад аз ташкил кардани чунин система комилан шаффоф ва фурӯхтанашаванда гардонидани фаъолияти аппарати давлатии Албания мебошад.
Диелла аллакай ба платформаи ҳукумати электронии Албания ҳамгиро шудааст ва аз аввали соли 2025 ба шаҳрвандон дар пур кардани ҳуҷҷатҳо ва иштирок дар тендерҳо кумак расонида истодааст.
Моҳи сентябри соли 2025 вай расман вазири хариди давлатӣ таъин шуда, аввалин узви рақамии ҳукумати ин кишвар мебошад.
Номи Диелла ҳамчун "Офтоб" тарҷума шудааст ва албатта "ҳомилагӣ"-и ӯ танҳо як истиора аст: сарвазир симои ӯро барои ҷорӣ кардани марҳилаи нави рақамисозии парлумон истифода мебарад.
Ҳар як "кӯдак" як агенти инфиродии рақамӣ мегардад, ки ба системаи мониторинг ва иртибот байни аъзо муттаҳид шудааст.
Аммо ҳуқуқшиносон ва мухолифин қонунӣ будан ё набудани таъини як нафари дар асл мавҷуд набударо ба мансаби давлатӣ зери суол мебаранд. Мунаққидон лоиҳаи мазкурро танҳо як озмоише медонанд, ки ба намоиши сиёсӣ ва хатари технологӣ мубаддал гаштааст.
Рама таъкид намудааст, ки ҳадаф на намоиш, балки ислоҳот аст. Вай эълом доштааст, ки Албания аввалин кишваре хоҳад шуд, ки дар он тендерҳои давлатӣ 100% аз фасод холӣ хоҳанд буд.