formula
ZET-MOBILE ба ифтихори ифтитоҳи ZET-FM дар Хуҷанд ва Бохтар ду консерти калон гузаронд
28.11.2023
ПРОМ
4575

 

Оператори миллии алоқаи мобилӣ ZET-MOBILE ба ифтихори ифтитоҳи шабакаи нави радиоии ZET-FM рӯйи мавҷи 103 FM дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар барномаҳои рангини консертӣ баргузор намуд. 

zet_1

Дар майдони Театри Камоли Хуҷандӣ ва Қалъаи Бибихонум зиёда аз 18 ҳазор дилбохтагони савту наво ҷамъ омада, ба шодии кормандони ширкат шарик шуданд.

zet_11

Ҳарду барномаи консертӣ бо рӯнамоии  шабакаи радиоӣ оғоз ёфта, ҳозирин барномаҳои ZET-FM-ро дар пахши мустақим гӯш карданд ва аз шунидани композитсияҳои рангини мусиқии радиои нав лаззат бурданд. Пас аз ин сарояндагони маъруфи эстрадаи тоҷик ба саҳна баромаданд. 

zet_12

Дар чорабинӣ ситораҳои саҳнаи ҳунари тоҷик Шабнами Тоҷиддин, Фирӯза Ҳафизова , Суруш Холов, Дилноза Каримова, Ҳуҷастаи Мирзовалӣ, Фарангиси Дунё, Мино Баҳриллоева, Рӯзибеки Файзалӣ, Лоиқи Давлатманд, Нишонаи Рустам ва дигарон ширкат варзида, хотири ҳозиринро бо сурудҳои дилошӯби худ шод гардониданд ва фазоро аз атри таронаҳои марғуби ошиқона пур карданд. 

zet_1_1

Шоу-барномаи рангоранги консертӣ ва садои зинда қалби ҳар як иштирокчии консерти бошукӯҳро моломоли ҳисси фараҳу шодӣ гардонд. Баромадҳои касбӣ, сифати баланди садо ва фазои афсонавии чорабинӣ то дер дар хотири ҳозирин боқӣ мемонад. 

zet_2_1

Ҳунармандон сокинони шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтарро бо ифтитоҳи шабакаи нави радиоӣ муборакбод намуданд. Дар консертҳо фазои серноке ба вуҷуд омада, меҳмонони ба ваҷд омада, бо сарояндагон ҳамовозӣ намуданд ва сурудҳои дӯстдоштаашонро замзама карданд. Ҳамин тавр ин ду барномаи консертӣ ба идҳои гарму хотирмоне табдил ёфта, эҳсосоти гувороеро дар қалб ва ёди иштирокчиён боқӣ гузоштанд. 

zet_3

ZET-FM –радиои насли нав, фаъолияти худро расман дар вилояти Хатлон аз 17 октябр ва дар вилояти Суғд аз 1-ноябр шурӯъ намуда, барномаҳояш пайваста нашр мешаванд.

 zet_4

Кушодашавии радиои нав дар таърихи радиои тоҷик саҳифаи тозаеро боз намуд. Ин шабака ба олами мусиқӣ ва дилхушӣ ҳавои  тозае ворид карда талаботи шунавандагони завқу салиқаашон гуногунро пурра қонеъ гардонида метавонад. 

zet_7

Ёдрас мешавем, ки консерти аввалин ба ифтихори кушодашавии ин шабакаи радиоии ҷавонӣ дар шаҳри Душанбе дар Маркази савдои “Сиёма-Молл” бисёр бошукӯҳ гузашта буд. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД