Arzon march 2024
Жерар Пике аз маҳбубааш қасос гирифтанист
717


Қиссаи ишқи ду ситораи ҷаҳонӣ-овозхони маъруф Шакира ва футболисти овозадор Жерар Пике бо нокомӣ анҷом ёфта, тобистони сои 2022 аз ҳам ҷудо шуданд.

image_2023-02-02_09-41-39

 

Шакира ва ситораи клуби овозадори "Барселона" Жерар Пике 12- сол бо ҳам зиндагӣ карда, соҳиби 2 фарзанди гул барин зебо буданд, вале хиёнати футболоист боиси ҷудоии оила гашт.

Маъмулан одамони машҳур ҷудоиро хеле осон пушти сар намуда, ба зудӣ ишқ ва дилхушии нав меёбанд, аммо захмҳои қалби Шакира ва Жерар ҳанӯз шифо наёфта, то ҳол бо ҳар роҳу восита кӯшиши аз якдигар қасос гирифтанро мекунанд...

image_2023-02-02_09-34-22

Шакира дар сурудҳояш ситораи футболро паст зада, дар хиёнат ва бевафоӣ муттаҳам месозад, дар ҷавоб ситораи “Барселона” Жерар Пике аксҳои бо маъшуқаи наваш гирифтаашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунад, то ба тораҳои нозуки дили Шакира нохун зада, рашк ва алами ӯро биёрад.

"Шакипа ва Жерар ҳарду дар як рӯз-2 феврал ба дунё омадаанд. Шакира имсол ба 46-солагӣ қадам мениҳад ва дар рӯзи зодрӯзаш суруди навашро муаррифӣ карданӣ буд, вале футболисти бевафо боз айши ӯро талх кард. Ба хотири қасос гирифтан аз собиқ маҳбубааш Жерар Пике дар рӯзи зодрӯзи Шакира тӯйи арӯсию домодӣ ороста, зан мегирад".

Тавре ки нашрияи испании Marca дар такя ба подкасти Mamarazzis навиштааст, ситораи дастаи овозадори “Барселона” Жерар Пике ба Клара Чиа хонадор мешавад. Мухлисон қасдан дар зодрӯзи Шакира тӯй кардани Пикеро як амали “ифлос” ва номардона номидаанд.

Ногуфта намонад, ки ҳаводорони Шакира низ ба ин моҷарои ошиқона дахолат карда, арӯси нави Пикро зӯр намедиҳанд. Онҳо дар ҳама ҷо пеши роҳи Клараро гирифта, ин духтарро дар ҷудоии ду дилдода гунаҳкор месозанд ва барояш таронаҳои Шакираро месароянд, то ки ӯро ба ғазаб биёранд.

Моҳҳои охир Клара Чиаи 23-сола аз тарси мухлисони Шакира дар хонаи бобою бибиаш пинҳон мешуд, охир барои як духтари ҷавон бо Шакира барин ситораи ҷаҳонӣ рақобат намудан осон нест. Клара аз асабонияти зиёд бемор шуда, дар як клинникаи машҳур табобати равонӣ мегирифт, вале Жерар танҳо дар фикри қасосгири худ аст.

Барқасди собиқ дилдодааш Пике мехоҳад тӯйи арӯсию домодиашро бо Клара Чиа дар хонаи қасрмонанди яке аз хешовандонаш, ки дар ҳамсоягии Шакира зиндагӣ мекунад, гузаронад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД