arzon replenishment
Журналисти алфонст Қисми 2
21.02.2023
Дилошӯб
1343

                                   Алфонс

Яҳё аз кор рафту дигар дар тими ҳамун ҳофиза мегашт ва сагча барин аз қафои ҳамон кампир канда набуд. Ҳевари калониям писарашро зан доду мо тӯй рафтем, ман бо таксӣ, Яҳё бошад, рӯзи дигар ҳамроҳи ҳамон ҳофиза. Мардуми деҳа ҳофизро чунон пешвоз гирифтанд, ки ҳайрон мондам. Хоҳарони шавҳарам пойандоз мепартофтанду Яҳё бошад, дар гирди ӯ парвона буд. Хонумро ба хонаи алоҳида бурда шинонданду ҳама як-як ба зиёраташ мерафтанд, мегӯӣ ягон одами табаррук бошад. Яҳё ба ҷону ҳолам намонда, маро барои шиносоӣ назди ҳофиза бурд, ӯ ба ман нимнигоҳе накарда, духтарчаамро бағал карда ошноӣ карду ангуштарияшро аз дасташ бароварда, ба дасти ӯ дод, аммо духтарам ангуштарии ӯро ба бағалаш партофта, домони маро гирифт.

Ҳофиза ангуштариро ба ман доданӣ шуд, аммо ман ҳам “не, раҳмат” гуфта, аз ин кори духтараки сесолаам дар дил хурсанд шудаму ӯро бардошта, аз хона берун шудам, Яҳёи нодида аз қафои ман берун баромада гуфт:

-Чаро нагирифтӣ, ангуштарии вай пули як духонагӣ дар маркази шаҳр буд, гушнамаст!-Ман намехостам тӯй вайрон шавад, аз ин рӯ, чизе нагуфтам. Ҳофиза суруд мехонду чашмашро аз Яҳё намеканд, шавҳарам ҳам мисли гурбаи гурусна лабонашро лесида, ӯро нигоҳ мекард. Ин зани сару рӯяш аз зарби уколҳои зебоиофар карахт ба лӯхтаки кӯҳнае шабоҳат дошт, ки хуб таъмираш кардаанд. Дар охир ӯ гарданбандашро аз гарданаш кушода, ба гардани хушдомани пирам басту гӯшвораҳояшро ба гӯши арӯс андохту ба дасти ҳама пайвандони шавҳарам сад долларӣ дод….

Ман боз бо таксӣ ба хона омадам, зеро шавҳарам шабона бо ҳофиза ба пойтахт багашт. Шаб чун Яҳё ба хона омад, ба ӯ гуфтам:

-Мардак ё умуман аз тими ҳамон ҳофиза мебароӣ ё ҷудо мешавем.

Яҳё бо заҳрханда посух дод, ки ман ҳеҷ гоҳ аз ӯ ҷудо намешавам.

-Ун ҳофизае, ки ту мегӯӣ, барои ман хона, мошин, бӯстонсаро харида, маро аз ҷонаш зиёдтар дӯст медорад, мо никоҳ дорем.

Медонистам, ки шавҳарам нодидаву чашмгурусна аст, аммо ҳеҷ гоҳ гумон надоштам, ки ӯ алфонс низ будааст…

Мо ҷудо шудем, инак шонздаҳ сол боз бе шавҳар ҳамроҳи волидонам зиндагӣ мекунам. Ҷойи кори хуб, мошин, хона, ҳавлӣ, бӯстонсаро ҳама чизро соҳибам, хушдоронам аз мӯйи сарам зиёдтаранд, аммо дилам аз ҷинси мард мондааст. Чанд сол боз бемории қанд азиятам медиҳад, назди апаам хориҷа рафта, табобат гирифтам, ин ҷо ҳам мудом дар пайи саломатиям ҳастам, ҷавон ҳам бошам, аз марг наметарсам, фақат мехоҳам бахту тахти духтарамро дида, аз дунё хотирҷамъ равам…

Шояд хонандаи азиз, гӯяд, ки шавҳарат куҷо шуд? Дар бораи ӯ ҳамин қадарро мегӯям, ки кампиракаш шӯи нав ёфту ҳама чизи ба вай додаро кашида гирифт. Ӯ чун сақичи арзонбаҳои хитоӣ аз зери дандони ин фоҳиша ба зери дандони фоҳишаи дигар интиқол меёбад, ӯ чанд бор апаву хоҳаронаш, бародаронашро наздам фиристод, ки қабулам кунад. Аммо ба ман таги табақи ким кадом рақоссачаву ҳофизаи тӯйгард даркор нест. Духтарам ҳам ба вай меҳр надорад, ҳарчанд ман ҳеҷ го садди роҳи муносибатҳои онҳо нашудаам.

                         Шаҳнавоз, сокини шаҳри Душанбе

                               Таснифи Рухсора Саид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД