Зиёда аз 70%-и донишҷӯёни Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе дар гурӯҳҳои буҷавӣ ба таври ройгон таҳсил менамоянд.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори иҷроияи филиали МГУ дар шаҳри Душанбе Файзализода Баҳрулло Файзалӣ иттилоъ дода, гуфт: “Мутахассисон дар Филиал аз рӯйи 6 равияи таълимӣ - Математикаи олӣ ва информатика, Химия, Физика ва механикаи мавод, Геология, Идоракунии давлатӣ ва мунисипалӣ, муносибатҳои байналхалқӣ ва Лингвистика тайёр карда мешаванд. Зиёда аз 69% устодони донишгоҳ дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ мебошанд”.
Айни замон дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе 415 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд, ки аз ин шумора 295 нафар ё 71% дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва 120 нафар дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил карда истодаанд. Соли 2025 Филилали МГУ-ро дар Душанбе 105 нафар, аз ҷумла 11 нафар бо дипломи аъло хатм кардаанд.
Лабораторияҳои химия, физика, геология ва дигар утоқҳои фаннии Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов бо таҷзиҳоти навтарини техникӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, донишҷӯён бо роҳнамоии устодони баландихтисос озмӯзишҳои гуногунро дар ин ҷо анҷом дода метавонанд.