formula
Зиёфати дарди сар дар Чагам
1058

 

Наздики 50 нафар дар деҳаи Чагами ноҳияи Шамсиддини Шоҳин пас аз хӯрдани қурутоби дастҷамъона заҳролуд шудаанд.

Маъракаи қурутобхӯрӣ рӯзи 24-уми январ буд ва баъди тановули хӯрок аз миёни ҷамъшудагон 49 нафар якбора бо як аломат шикоят карданд. Аз ин шумора 25 нафареро, ки аҳволашон бад буд, ба бемористони касалиҳои сироятии Кӯлоб бурдаанд. Дигарон дар беморхонаи маҳаллӣ ба қайд гирифта шуданд.

Бояд гуфт, ки қурутобхӯрӣ дар фасли зимистон аз анъанаҳои маъруфи деҳаҳои кӯҳистон аст ва бо риояи он ин сокини Чагам ҳам хост ҳамдеҳаҳояшро зиёфат диҳад, вале ин қурутоб балои ҷон шуду оши бадан не.

Ёдовар мешавем, ки деҳаи Чагам зодгоҳи овозхони маъруфи интернетӣ Қадами Қурбон аст, ки бо таронаҳои ҳаҷвияш дар саҳифаҳои иҷтимоӣ хит шудааст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД