Arzon march 2024
Зиёвиддини Нурзод: Ба занам барои рашк кардан “повод” намедиҳам
1208

Оила дар ҳаёти ҳар як шахс нақши муҳим дорад, вале на ҳар кас метавонад аз пастию баландиҳои зиндагӣ сабӯрона гузарад. Аксаран рашк ва нобоварӣ боиси ба миён омадани нофаҳмӣ ва ҷангу ҷанҷолҳои пай дар пай байни зану шавҳар гашта, баъзан кор то ба ҷудоӣ ва вайроншавии оила мерасад. Махсусан аҳли ҳунар бо рашк бештар рӯ ба рӯ мегарданд, зеро ҳунарманд ҳамеша дар маркази диққати мардум қарор дорад ва ҳазорон нафар ба ӯ занг мезананд, бо меҳру муҳаббат аҳволпурсӣ мекунанд. Сӯҳбати мо бо ҳунарманди овозадори тоҷик Зиёвиддини Нурзод сари ҳамин мавзӯст.

-Зиёвиддин, даҳҳо ҳодисањоеро медонем, ки мањз шўҳрати овозхон боиси вайрон гаштани оилааш гаштааст. Дар байни мухлисони шумо низ бонувон кам нестанд ва табиист, ки ба шумо занг мезананд, дар кӯчаю пасткӯчаҳо салом медиҳанд, аҳволпурсӣ мекунанд, вале тавонистед хушбахтии оилавии худро нигоҳ дошта, бо як зан солиёни зиёде зиндагӣ карда, соҳиби келину домод шавед. Сирри хушбахтии оилавиатонро ба хонандагони мо мекушоед?

-Аслан зиндагии шахсе, ки шўҳрат дорад, мисли дарё ҳамеша мавҷ зада меистад. Гуфта наметавонам, ки дар бораи ман ҳеҷ вақт ягон овозаҳои нохуш паҳн нагаштааст ё мухлисонам занг намезананд. анд бор ҳатто овоза паҳн шуда буд, ки Зиёвиддини Нурзод аз занаш ҷудо шудааст, вале хушбахтона ҳамсарам бисёр зани оқилаю оромтабиат аст. Вай ҳеҷ гоҳ барои занг задани занону духтарон ва овозаю ҳангомаҳое, ки мардум паҳн мекунанд, бо ман ҷангу ҷанҷол накардааст. Ҳамеша тавре вонамуд мекунад ки гўё аслан чизе нашунидааст.

-Ин рафтори ҳамсаратон нишонаи ба шумо боварӣ доштанаш аст ё аз тарс чизе намегӯяд?

-Гумон мекунам боварист, зеро ба қавли русҳо «не даю поводов для ревности». Умуман, вафодорӣ сутуни асосии хушбахтии оилавист.

-Магар ҳамсари овозхон бе рашк зиста метавонад?

-Ин ба ақлу фаросати зан вобастагӣ дорад. Зани оқила бояд ба рашку ҷанҷолҳои беҳуда роҳ надиҳад. Овозхон ҳамеша дар мадди назари мардум аст, ба ў занг мезананд, изҳори меҳру ихлос менамоянд –ин ҳамаро бояд табиӣ қабул намуд. Шукри худованд, ҳамсарам бо ман ҳамин гуна муносибат мекунад.

-Аксари ҳунармандон аз «ҳуҷуми мухлисон» гурехта, тез-тез рақамҳои телефонашонро иваз менамоянд. Зиёвиддин чунин одат дорад?

-Мухлисони ман хеле самимӣ ҳастанд, аз ин рў ба муҳаббати онҳо бо ғурур ва худхоҳӣ посух гуфтан камоли беақлӣ мебуд. Ман аз зангҳои телефонӣ ва сўҳбатҳои мухлисонам шод мешавам. Кӯшиш мекунам, ки ба муҳаббати мардум бо муҳаббат ҷавоб диҳам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД