Зинапоя на танҳо василаи баромадан ба ошёнаҳои болоӣ, балки як ҷузъи интерери хона ва василаи зебоӣ ба шумор меравад.
Барои он ки зинапояи хонаи шумо зебо, қулай ва замонавӣ бошад, ҳангоми сохтани он чанд қоидаи муҳимро ба назар гирифтан лозим аст:
1. Зинапоя бояд бо усули нави замонавӣ сохта шуда, барои роҳгардӣ бароҳат ва қулай бошад.
2. Ранги зинапоя бояд ба фарши долон ё хона, аниқтараш ламинат мувофиқат намояд.
3. Дар ёд дошта бошед, ки тарҳрезии дурусти занапоя ба кошонаи шумо намуди нави эстетикӣ ато намуда, манзилатонро зебову замонавӣ мегардонад.
Чанд хусусияти сохтани зинапоя:
- Барои он ки зинапоя ба назар зебо намояд, панҷараҳои наву замонавӣ ва зеборо интихоб кардан лозим аст.
3. Барои толор ва хонаҳои хурд метавонед зинапояи чархшаклро интихоб намоед. Ин намуди зинапоя воқеан хеле зебову қулай ва арзонтар аст, вале бо сабаби нишеб будани болоравии он, на ба ҳар як соҳибхона маъқул мешавад.
4. Барои хонаҳои калону барҳаво зинапояи калони дутарафа сохтан беҳтар аст.
5. Барои даруни хона зинапояи рост ё рости дутарафа қулай мебошад.