- Кушо дарро! Дарро кушо мегӯям, зани ношукр,- Мурод ба дар такякунон завҷаашро фарёд мекард. Ба пояш базӯр рост меистод. Зеро аз нӯшидани шароби зиёд пойҳояш беҳолу бемадор шуда буданд.
Сабрина баробари шунидани овози шавҳараш давида баромаду дарро кушод.
- Ассалому алайкум дадеш. Омадед?
- Мурод ба саломи завҷааш алайк нагирифт. Ҳатто нимнигоҳе ҳам накард. Келинчак оҳи сарде бароварду дастони шавҳарашро ба гарданаш ҳамел кард. Ӯ аз ҷангу хархаша ва майпарастии ҳамсараш сахт хаста шуда бошад ҳам, вале ин ҳамаро босаброна таҳаммул мекард.
Мурод аз ҳар дафъа бештар май нӯшида буд. Қувваи роҳ рафтан надошт. Сабрина шавҳарашро то хонаи хоб базӯр эталкунон бурд. Мурод, ки бениҳоят шалпар шуда буд, зуд хобаш бурд. Келинчак барои он ки шавҳараш бедор нашавад, оҳиста аз хона баромаду дарро пӯшид ва болои айвон баромаду нишаст. Ҳамин замон ду парасту донаҳои калон гирифта ба лонаашон омада нишастанд. Бо навбат ба чӯҷаҳояшон дона медоданд. Лаҳзае нагузашта парида мерафтанду боз бо нӯли пур аз озуқа ба лонаашон бармегаштанд. Ин корашон чор-панҷ маротиба такрор ёфт. Сабрина бо ҳавас ба ин ҷуфти хушбахти парасту нигоҳ мекард. Ӯ худ ба худ меандешид, ки кош дар хонаи онҳо ҳам чунин ҳамдигарфаҳмӣ мебуд. Кош онҳо ҳам мисли парастуҳо хушҳол дар фазои якдигарфаҳмӣ зиндагӣ мекарданд. Сабрина пеш аз ин лонасозии парастуҳоро назора карда буд. Ду парасту бо навбат дар даҳонашон лойу хас ҷамъ карда дар кунҷи сақфи айвон чун муҳандисони воқеӣ лона сохта буданд.
***
Мурод боз ба муҳоҷират рафт. Ӯ тамоми пулҳои кор мекардаашро ҳамарӯза ба кайфу сафо сарф мекард. Шароб менӯшид, ҳамроҳи зани дувумаш ба тарабхонаҳои маъруфу гаронарзиш мерафт. Тамоман дар фикри зану фарзандаш набуд. Моҳе 700-800 сомонӣ ба завҷааш мефиристод, ки он ҳам ба рӯзгори якмоҳаи онҳо намерасид.
Рӯзҳое буданд, ки Сабрина барои фарзандонаш ба ҷойи хӯрок пиёз сурх карда медод. Ё аз ҳамсоя ба орият нон мегирифт. Бо вуҷуди чунин муҳтоҷиву тангдастӣ намехост аз Мурод ҷудо шавад. Ба фарзандонаш ҳам кӯшиш мекард падарашонро нағз карда вонамуд кунад. Намехост, ки байни падару фарзандонаш низоъ андозад.
Рӯзе Аҳмад аз бемеҳрии падараш ба модараш шикоят кард:
- Модарҷон, падарам моро бад мебинад. Ӯ ҳамон духтарашро дӯст медорад.
- Дигар ин тавр нагӯ писарам, падарат ҳамаамонро дӯст медорад. Ӯ ҳам хоҳари шумост. Падарат ба ҳамаамон баробар меҳр медиҳад. Фаҳмидӣ, писарам...
- Не, падарам моро бад мебинад. Ӯ моро дӯст намедорад,- дубора гуфт Аҳмад.
- Ин хел нагӯ, писарам. Фарзанд набояд нисбати падараш чунин ноҳурматӣ кунад. Падарат ҳар чӣ гӯяд ҳам, ҳар коре кунад ҳам, барои фарзандонаш мекунад. Падар қиблагоҳу шаҳсутуни хонадон аст. Агар хоҳи ки Худо аз ту розӣ бошад, дуои падаратро гир ва нисбати ӯ чунин бадандешӣ накун. Беҳуда нагуфтаанд, ки "падар розӣ, Худо розӣ". Писарам, акнун ба ман гӯй, аввал маро дӯст медорӣ ё падаратро?,- аз Аҳмад пурсид Сабрина.
Аҳмад дастони модарашро бӯсиду ба чашмонаш молида, гуфт:
- Модарҷон ман, аввал шуморо дӯст медорам.
- Не писарам. Ту аввал падаратро дӯст медорӣ.
- Аҳмадҷон, боз аз ту мепурсам, аввал киро дӯст медорӣ? Маро ё падаратро?
- Шуморо,- бо қатъият ҷавоб дод писарак.
Сабрина аз ҷавоби писараш нороҳат шуда буд. Ӯ мехост, ки фарзандонаш нисбати падар меҳрубон бошанд. Аз ин рӯ, ба писараш нигоҳ карду гуфт:
- Падаратро дӯст ки надорӣ, пас маро ҳам дӯст намедорӣ. Мард, шаҳсутуни хонадон бояд дар ҳама чиз аввал истад. Агар имрӯз ту падаратро дӯст надориву эҳтиром накунӣ, фардо фарзандонат ҳам ба ту чунин муносибатро раво мебинанд. Фарзанд ҳуқуқ надорад, ки нисбат ба падар бадгумон бошад.
Дили Аҳмад аз чеҳраи ғамгини модараш ғаш шуд, ки гуфт:
- Модарҷон, ман шуморо ҳам, падарамро ҳам дӯст медорам. Намехоҳам, ки дар рӯятон ғам, дар чашматон нам бинам. Модарҷон, шумо зиқ нашавед, ҳоло ҳамааш хуб мешавад. Падарам бармегарданд. Ману акаам ҳам пул кор мекунем. Дастурхонамон пурнозу неъмат мешавад.
Сабрина аз шунидани гуфтаҳои писараш мутаҳаййир шуд ва худ ба худ андешид, ки фарзандаш аллакай камол ёфтааст.
(Давом дорад)
Абдуғаффор ШОДИЕВ