“Зорро” дар зодгоҳаш ба хок супорида мешавад
277

Генерал-полковник Изатулло Шарифзода, ки миёни мардум бо тахаллуси “Зорро” машҳур мебошад, шоми дирӯз, 3-юми ноябр аз олам даргузашт. Ҷаноза имрӯз дар маҳаллаи Пушинги ноҳияи Данғара хонда шуда, ҷасади марҳум дар зодгоҳаш ба хок супурда мешавад.

Изатулло Шарифзодаро ҳамчун раҳбари зиндонҳои Тоҷикистон ҳамагон хуб мешинохтанд ва аксарият ӯро чун генерали ҳақиқӣ, ки барои пойдории суботу субот дар кишварамон хизмат кардааст, ситоиш мекунанд, вале афроде низ ҳастанд, ки “Зорро”-ро шахси бениҳоят сатхгир ва зиндонбони бераҳм меҳисобанд.

Худи Изатулло Шарифзода эътироф карда буд, ки “ман шахси сахтгир ва нисбат ба ҷинояту ҷинояткор бетараҳҳум ҳастам, аммо Худо шоҳид, ки ба касе дидаву дониста зулм накардаам. Адолат барои ман арзиши волотарин аст”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД