Arzon march 2024
АНОНСИ ШУМОРАИ НАВИ ҲАФТАНОМАИ "ОИЛА"
19.01.2022
ОИЛА
805

Дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Овоза ва ҳақиқат
Ҷамшеди Ҳалим:

Маро дузана нагӯед!
Дар рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” ба ду овозаи паҳншуда, ки аз ҷониби мухлисони ҳунар ба мо ирсол гардид, аз забони худи ҳунармандон посух дарҷ намудем. Посухи Ҷамшеди Ҳалимро ба саволи мухлисдухтараш оиди дузана будан ё набуданаш дар саҳифаи 2 мутолиа намоед.

Номаи зани шавҳаркуш
Қиссаи мазкур дар бораи зиндагии талху сангини зане аст, ки аз ноилоҷӣ...
-Њолї ту чулоќ аз ман шарм медорї а, ња очата, ња бибита,- гўён њаќорат кадан гирифт, њар ќадар хостам ўро људо кунам, натавонистам, намедонистам чї кор кунам, њамин дам чашмам ба каланд афтод, ки дар байни дуќушагии дарахти зардолу овезон буд, онро бардоштаму дигар ёд надорам….

Бо телефон хондани хутбаи никоҳ ҷоиз аст?
Дар саҳифаи динӣ шумо метавонед ба саволи он ки оё тавассути телефон хондани хутбаи ақди никоҳ мумкин аст, посух пайдо намоед.
«Никоҳ ба воситаи телефон ва нома ҷавоз надорад. Зеро маҷлиси никоҳи зану шавҳар дар ин васоил мухталиф (гуногун) аст. Ҳол он ки бояд «иҷобу қабул» дар як маҷлис сурат гирад (баргузор шавад). 

Ютуб дар “Оила”


Ҳафтаномаи “Оила” боз як рубрикаи навро пешкаши ҳаводорони шабаки Ютуб мегардонад. Минбаъд дар ҳар шумораи “Оила” аз муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ бохабар шуда метавонед.

Дар шумораи навбатӣ аз таҳқиқоти PRESSA.TJ то мусоҳибаи Сафармуҳаммад мутолиа намоед.

Қудрати Худованд ё ҳоли зори акаи Хол
Дар маводи мазкур шумо аз зиндагиномаи марде мутолиа мекунед, ки умре бо варам ё омоси рӯй умр ба сар мебарад.
Бо дидани симои ин мард кас беихтиёр гиребони тавба медорад, зеро як нимаи рӯйи акаи Холро варами даҳшатангез пӯшонда, лабонаш қариб ним метр овезон ва забонаш аз даҳон берун аст...

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД