sebiston july new
10-ШАРТИ ТАБОБАТИ КОРОНАВИРУС ДАР ХОНА
4702


Беш аз як сол боз коронавирус сокинони сайёраи моро азият медиҳад.

Тӯли ин муддат мардум оҳиста-оҳиста ба ин бемории ҳамагир одат карданд ва дигар мисли пешин аз Ковид-19 мурданивор наметарсанд. Дар бадали як сол олимон ин вирусро ҳамаҷониба омӯхта, усулҳои гуногуни мубориза бо касалӣ ва воксинаҳои зидди коронавирусро кашф намуданд. Акнун баъзеҳо ба ковид гирифтор шуданашонро ҳатто пай набурда, ин бемориро пушти сар менамоянд, вале...

Новобаста ба дастовардҳои илми тиб дар мубриза бо коронавирус ин маризиро ҳамчун як касалии сабук қабул кардан чандон оқилона нест. Барои он ки коронавирус шуморо ғофилгир накунад, бо мушоҳида намудани нишонаҳои аввалини беморӣ-баланд шудани ҳарорати бадан, сулфаи хушк, дард дар қафаси сина ва эҳсоси нафастангӣ ҳатман ба духтури оилавӣ муроҷиат намоед. Имрӯз мо ба шумо дар бораи 10 шарти табобати коронавирус дар хона маълумот медиҳем.

1. Мариз дар хона табобат мегирад ё дар бемористон инро табиб муайян менамояд, на бемор ва пайвандонаш.
2. Дар сурати дар шароити хона табобат гирифтани мариз табиби оилавӣ ё духтури дигаре, ки масъулияти табобати ӯро бар дӯш мегирад, доруву давоҳои заруриро тавсия намуда, минбаъд бояд ҷараёни табобати маризро таҳти назорати ҷиддӣ бигирад.
3. Бемори ба Ковид-19 мубтало гашта дар ҳуҷраи алоҳида хобида набояд бо дигар аъзоёни оила, махсусан калонсолон ва пайвандони касалиҳои музмин доштааш робита дошта бошад.
4. Тирезаи ҳуҷраи хоби маризро кушода мондан лозим аст, то ки ҳавои хона тоза шуда истад.
5. Мариз бояд сачоқ, дандоншӯяк ва косаву пиёлаи алоҳида дошта бошад.
6. Нигоҳубини беморро танҳо як нафар аъзои оила, ки саломатиаш комилан хуб буда, ба ягон бемории музмин гирифтор нест, бояд ба зимма бигирад.
7. Ҳангоми бурдани таом ба мариз ё расонидани ёрии дигар парастор бояд даҳону бинии худро бо ниқоб пӯшонда, дастпӯшаки резинӣ бипӯшад.
8. Пас аз баромадан аз ҳуҷрае, ки мариз хобидааст, парасторро лозим аст, ки дастонашро бо собун шуста, антисептик пошед.
9. Дастаҳои дар, махсусан дари ҳоҷатхона ва ҳамом, ҳамчунин унитаз ва ваннаро тез-тез бо спирт ё атнисептик тоза кунед.
10. Дар сурати вазнин шудани ҳолати бемор фавран ба духтури табобатиаш хабар диҳед ё ба “Ёрии таъҷилӣ” занг занед. Табиб дар беморхона бистарӣ намудани маризро тавсия диханд, ин корро ҳарчи зудтар анҷом додан лозим аст, то аҳволи бемор боз ҳам вазнинтар нашавад ва дигар аъзоёни оила аз сироятёбӣ эмин бимонанд.

Амалҳои мамнӯъ
Амалҳое ҳастанд, ки зимни коронавирус хатанок мебошанд. Шахсони ба Ковид-19 гирифтор шуда бояд аз ин амалҳо худдорӣ намоянд:
1. Худтабобаткунӣ-бо маслиҳати ёру дӯст ва хешу табор хӯрдани ҳар хел дорӯҳо метавонад саломатии маризро баръакс бадтар ва ҳолаташро вазнин гардонида, боиси сар задани оқибатҳои нохуш ва ҳатто марг гардад, бинобар ин, танҳо ҳамон доруву дармонеро истифода баред, ки табибон тавсия медиҳанд, махсусан дар қабули антибиотикҳо бояд эҳтиёткор буд.
2. Ба Ковид-19 гирифтор ва камқуввату бемадор бошед ҳам, рӯзи дароз беҳаракат хоб наравед. Кӯшиш кунед, ки кам-кам роҳ гардед, чунки ҳаракат кардан тромбозро пешгирӣ менамояд.
3. Бо фаҳмидани он ки шумо ба Ковид-19 гирифтор шудаед, ба ваҳшат наафтед. Сайъ кунед, ки худро ба даст гирифта, оромона бемориатонро қабул намоед. Асабният, бехобӣ ва тарсу ваҳму воҳима ба шифоёбӣ кӯмак нарасонида, баръакс ҳоли маризро бадтар месозад.
4. Худро ба танҳоӣ маҳкум насозед. Сӯҳбат намудан бо дӯстону пайвандон тариқи телефон ва шабакаҳои иҷтимоӣ рӯҳияи маризро бардошта, ба зудтар шифо ёфтанаш мусоидат менамояд.
“Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват кунед, агар...

Тавре ки зикр намудем, зимни коронавирус ҳолати бемор зуд-зуд тағйир ёфта метавонад, бинобар ин, бо мушоҳида намудани нишонаҳои зерин ҳатман ба “Ёри таъҷилӣ” занг задан лозим аст:
1. Табби бемор ҳатто бо доруҳои пасткунандаи ҳарорати бадан намефарояд
2. Мариз аз дарди қафаси сина ва сӯзиши тахтапушташ шикоят мекунад
3. Нафаскашиаш торафт душвортар мегардад.
4. Синну соли бемор аз 60-сла боло буда, бемориҳои мунзим ё саратон дорад ва ин дардҳояш хурӯҷ менамоянд.Вақте ки ба “Ёрии таъҷилӣ” занг мезанед, ҳатман бигӯед, ки шумо дар хона касалии кронавирус доред ва дар бораи вазъи саломатии бемор, махсусан мушкили нафаскашӣ доштан ё надоштан, ҳамчунин дард дар қафаси сина маълумот диҳед, то табибони “Ёрии таъҷилӣ” дастгоҳҳои заруриро бо худ бигиранд. Агар табиб баъди муоина бистарӣ кардани маризро тавсия диҳад, саркашӣ накунед ва барои ба бемористон бурдани бемор монеъ нашавед. Табобати саривақтӣ маризро аз оқибатҳи бади коронавирус эмин дошта, дар муддати начандон тӯлонӣ бемор бо мадади табибон ва дорувориҳои махсус шифо меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД