Arzon march 2024
1000 РӮЗИ АВВАЛ- ДАВРАИ ТАҚДИРСОЗИ УМР
2846


Нисо дар семоҳаи аввали ҳомиладорӣ аввалин бор ба духтури амрози занона муроҷиат кард. Баъд аз шиносоӣ суҳбати онҳо чунин оғоз шуд:

-Ин фарзанди аввалини шумост? –пурсид момодоя, аз модари ҷавон.
-Бале.

Баъд аз гирифтани маълумоти зани ҳомила, момодоя пурсид:
- Оё шумо дар бораи ҳазор рӯзи аввали ҳаёт ягон маълумот доред?

-Не, ростӣ. Вақте оиладор набудам, ҳамроҳи зани бародарам ба назди момодоя мерафтем. Духтурон ба янгаам тавсия медоданд, ки бештар меваю сабзавот истеъмол намояд.

-Бисёр нуқтаи муҳимашро дар хотиратон нигоҳ доштаед,- гуфт момодоя.- Ман айни ҳол дар бораи ҳазор рӯзи аввали ҳаёт маълумоти пурра медиҳам, то ки шумо низ маълумоти кофиро аз худ карда, мувофиқи тавсияҳои мо- духтурон амал намоед.
Нисо “хуб” гуфта, ба аксу китобчаҳое, (брошюра) ки болои мизи ҳамшира гузошта шуда, инъикосгари мавзӯъ буд, чашм давонд.

Ҳазор рӯзи тиллоии умр
Ҳазор рӯзи аввали ҳаётро ҳазор рӯзи тиллоӣ низ мегӯянд, ки аз лаҳзаи дар батни модар пайдо шудани ҷанин то ду солагии тифлро дарбар мегирад. Дар ин давра модари оянда бояд дар таҳти назорати духтурони оилавӣ бошад. Ҳама тавсияҳои духтуронро гӯш дода ба он амал кунад, зеро маслиҳати онҳо барои таваллуди фарзанди солим вобастагии зич дорад. Ҳамчунин, ин машваратҳо барои солимии модар низ муфид аст. Масалан, синамаконӣ аз лаҳзаҳои аввали баъд аз таваллуди фарзанд, нақши калидӣ дорад. Хатари хунравиро кам мекунад, барқароршавии бачадонро метезонад. Дар ин давра модаронро зарур аст, ки тифли худро ҳам руҳан ва ҳам ҷисман ба воя расонанд.

Давои сад дард аст, фаллаи модар
Шири модари солим дорои витаминҳои ҳаётан муҳим буда, қувваи муҳофизатии бадани кӯдакро беҳтар мекунад ва ӯро аз гирифторшавӣ ба бемориҳои гуногун ҳифз мекунад. Фаллае, ки дар рӯзҳои аввали баъд аз таваллуд ба тифл дода мешавад, ӯро 3-4 моҳ аз тамоми бемориҳои сироятӣ нигоҳ медорад. Аз рӯйи қоида, шири модар барои таъмини тифл бо тамоми витамину минералҳои зарурӣ дар 6 моҳи аввал басанда аст. Баъд аз 6-моҳагӣ ба кӯдак ғизои иловагӣ – сабзӣ, карам, лаблабу ё картошкаи кӯфташуда (пюре) метавон дод. Кӯдаконе, ки то 2-солагӣ пайваста шири модар истеъмол мекунанд, эҳтимоли ками ба бемориҳо гирифтор шуданашон вуҷуд дорад.

Ба тифлатон муҳаббат бубахшед
Тифлӣ даврае аст, ки аз чӣ гуна сурат гирифтани он саломативу саводнокӣ ва зиндагии минбаъдаи инсон вобастагӣ дорад. Маҳз бо шарофати нигоҳубину ғамхории пайваста як навзоде, ки ба як пора гӯшт шабоҳат дорад, рӯз ба рӯз инкишоф ёфта, нерӯ мегирад, ба ҳаракат медарояд, роҳ мегардад, гап мезанад ва ба тифлаки фаъол мубаддал мегардад. Дар ин давра волидон, бибиву бобо, наздикон, мураббияҳо, атрофиён дар рушди ҳамаҷонибаи кӯдак нақши худро мегузоранд. Дар ҷараёни рушдёбӣ тифлакон қобилияти биноӣ, шунавоӣ, гап задан, ҳаракат кардан, фикрронӣ ва бартараф намудани мушкилиҳоро пайдо менамоянд. Афзоиш ва рушдёбии ҳар кӯдак вобаста ба ирсият ва таъсири муҳити зист фарқкунанда аст. Синну соли модар ва миқдори оҳане, ки дар ҷисми зан вуҷуд дорад, ба рушди кӯдак таъсир мерасонад. Маҳз аз вазъи зиндагӣ, саломатии модар ва ғизое, ки тифл қабул мекунад, вобастагӣ дорад, ки оё тифл дар оянда кунҷкоб шуда, ба илмомӯзӣ шавқу рағбат ва ҷасорат пайдо мекунад ё не.
Барои он ки ҷараёни инкишофёбии тифл дуруст ба роҳ монда шавад, кӯшиш ба харҷ додан лозим аст. Дар рушд ва инкишофёбии дурусти кӯдак калонсолоне, ки нигоҳубини тифлро ба уҳда доранд, волидон, кормандони тиб, омӯзгорон, намояндагони мақомотҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва дигарон бояд масъул бошанд.

Ғизои солим аз рӯзи аввал
Ғизои мукаммал барои инкишофёбӣ ва рушди тифл хеле муҳим аст. Ғизои зани ҳомила ва тифлакон бояд гуногунранг ва фоидабахш бошад. Он бояд дорои моддаҳои ғизобахш, сафедаҳо ва чарбҳое бошад, ки барои афзоиш ёфтани ҷисми кӯдак ва нерӯ бахшидан мусоидат карда тавонад. Витамини А тифлро аз бемор шудан эмин медорад, йод бошад, боиси инкишофи хуби майнаи сар гашта, оҳан қобилиятҳои ақлонӣ ва ҷисмонии кӯдакро ҳифз менамояд.Тифлакон аз рӯзи аввали ба дунё омаданашон хеле зуд ҳама чизро меомӯзанд. Муҳаббату ғамхории волидон ва наздикон сабаби беҳтар инкишоф ёфтану дунёро зудтар омӯхтани онҳо мегардад. Дар натиҷа тифлакон ба як нафаре мубаддал мегарданд, ки ба худ эътимоду ҷуръат доранд.

Бо тифлатон бозӣ кунед
Вақте ки тифлакон муҳаббати атрофиёнро эҳсос намуда, бо наздикони худ бозӣ мекунанду робитаи зич доранд, ҳама чизро ба зудӣ аз худ мекунанд, меомӯзанд. Барои кӯдакон китоб хондан, афсона нақл кардан, онҳоро ба оғӯш гирифтан, навозиш кардан боиси он мегардад, ки кӯдак аз ҷиҳати ақлонӣ хеле хуб рушд меёбад. Вақте кӯдакон садову симои ошноро мебинанду мешунаванд, вақте имкони бо ашёҳои гуногун бозӣ карданро доранд, фаҳмишу идрокашон мустаҳкам мегардад. Ҳатто агар тифли навзод ва кӯдак имкони дарк намудани фаҳмидани ибораҳоро надошта бошад ё масалан, маъюб бошад, волидон ва мураббияҳо бояд ҳамроҳи кӯдак гап зананд, суруд хонанд, китоб мутолиа намоянд. Ин амалҳо барои рушди ақлонии кӯдак баробари ғизои мукаммал барои ҷисм муҳим аст.

Кӯдаконро бе назорат нагузоред!
Тифлаконе, ки худро дӯстдоштанӣ ва дар бехатарӣ эҳсос мекунанд, чун қоида дар зиндагӣ ба пешравиҳои зиёде ноил мегарданд, зеро ба худ эътимоди бештаре доранд ва мушкилоти сарзадаро сабуктар рафъ месозанд. Тифлакони навзод ба нигоҳубини пайваста ниёз доранд. Тифлро дар танҳоӣ гузоштан қатъиян манъ аст, дар акси ҳол эҳтимоли сар задани ҳодисаҳои нохуш ба миён меояд. Беаҳамиятӣ нисбати тифл боиси манъ гаштани инкишофи равонӣ ва ҷисмонии тифл мегардад.

Моро зарур аст, ки барои инкишофи ҳам равонӣ ва ҳам ҷисмонии кӯдакон бетараф набошем. Зеро пойдевори умри инсон маҳз аз ин давра сарчашма мегирад ва беҳтар аст, ки мо ин пойдеворро дар якҷоягӣ мустаҳкам намоем.

Мақолаи мазкур бо дастгирии UNICEF Тоҷикистон омода гаштааст. Мақола дар асоси сиёсати редаксионии Медиа Холдинги "Оила" таҳия шуда, ҳатмӣ нест, ки мавқеи расмии UNICEF-ро инъикос намояд

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД