shoh palace
12- сол сирри шавҳарамро пинҳон кардам, вале..
24.03.2022
Оила
8208

 

Дар давоми 12-соли зиндагии якҷояамон ягон бор сиру асрори хонаро ба берун набароварда будам. Ба касе дар бораи сабаби фарзанддор нашуданамон лаб накушодам, ҳарчанд айбу гуноҳи шавҳарамро аз рӯзи аввал медонистам. Шавҳарам маро қасам дода буд, ки ба касе сирашро накушоям ва ман ин савганди маҷбуриро пос медоштам. Хусуру хушдоманам дар тӯли ин солҳо дар ҳаққи мани бегуноҳ чӣ корҳое, ки накарданду чӣ гапҳои пасту баланде, ки нагуфтанд. Безурриёт, касалӣ, ҷодугар гуфтанд, вале ба хотири шавҳарам ба ҳамааш тоқат кардам. Медонистам, ки ӯ касалии мардона дорад, вале дар назди аҳлу авлодаш ӯро ҳамеша ҷонибдорӣ намуда “фарзанд доди худост, албатта ягон рӯз мо ҳам соҳиби кӯдак мешавем” мегуфтам. Хешу табораш гумон мекарданд, ки ман гунаҳкорам. Маро таъна мезаданд, дашном медоданд, мегирёнданд, талаб мекарданд, ки аз хона баромада равам, то шавҳарам зани дигар гирифта, бачадор шавад. Шавҳарам айби худро донад ҳам, ягон бор тарафи маро намегирифт, ақаллан барои тасаллои дилам як бор нагуфт, ки ҳеҷ гоҳ фарзанддор нашавем ҳам, аз ман ҷудо намешавад. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, барои як СМС маро талоқ дода, мисли саг аз дараш берун кард. Андеша накард, ки ҳамин зан ҳам одам аст, нафс дорад, орзую ҳавас дорад, вале ба хотири ман ҳама талаботи ҷисму ҷонашро солҳои дароз дар дилаш зиндонӣ намуда мегашт-ку!

Акнун, ки шавҳарам маро фоҳиша хонда, шармандаи дӯсту душман намуд, ман ҳам сирру асрорашро мекушоям. Бигзор тамоми мардум бидонанд, ки ӯ мард нест. “Ҷамшед! Беҳуда ман-манӣ карда, модаратро ба хонаи духтарҳои зебо хостгорӣ нафирист. Чаро дидаю дониста, ҳаёти боз як духтарро месӯзӣ?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД