goodwell
14 паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» иштирок мекунанд
27.07.2026
Оила
50

Дар Швейтсария аз 28 то 30-юми июли соли равон мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо баргузор гашта, 14 нафар паҳлавонони тоҷик дар он ширкат меварзанд.

Тавре муовини раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков зимни суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, мусобиқа дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария баргузор гашта, шарафи варзишии Тоҷикистонро дар ин рақобат Лоиқ Қутбуддинов дар вазни то 60, Эмомалӣ Нуралӣ ва Искандар Маҳмадхоҷазода дар вазни то 66 кг, Муҳиддин Асадуллоев ва Масъуди Аҳмадзод дар вазни то 73 кг, Беҳрӯзи Хоҷазода ва Абубакр Шеров дар вазни то 81 кг, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода ва Шодмон Ризоев дар вазни то 90 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Сомонӣ Кишваров дар вазни то 100 кг ва Мансур Раҳмон дар вазни +100 кг ҳимоя хоҳанд кард. Аз духтарони палҳавони мо Аҳлия Муминова дар вазни то 48 кг ва Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг дар ин мусобиқаи бонуфуз маҳорати худро нишон медиҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД