25 соли пурнадомат (ҚИСМИ 1)
1168

Даҳ рӯз мешавад, ки Нодира бо шавҳараш қаҳрӣ аст. Ин дафъа ҳам айб аз худаш гузашт. Ба хушдоманаш, ки мисли модар асту дар синну сол аз модараш калон, гапгардонӣ кард. Бар замми ин, ба шавҳараш дӯғ зад, ки вай доимо аз модараш пуштибонӣ мекунад...

Ҳамин лаҳзаҳо "минбаъд бароят хушдоман модару шавҳар такягоҳу муттакоят. Бо хизматашонро кардан кам намешавӣ, баръакс дуои неки онҳо ба зиндагият нуру сафо мебахшад. Дар пайроҳаи зиндагӣ таҳаммулпазиру сабур будан лозим. Санги вазнинро об намебараду сари хамро шамшер намебурад" гуфта, панд доданҳои модар ба ёди Нодира омад.

Нодира модарашро хеле пазмон шуда буд. Вале бо шавҳараш, ки қаҳрӣ буд, натавонист барои хонаи модар рафтан иҷозат пурсад. Аз ин рӯ хушдоманашро огоҳ карду хонаи модараш рафт. Модар чун ҳарвақта ӯро бо чеҳраи хандон ва дастурхони пур аз нозу неъмат пешвоз гирифт.

- Оҳооо. Кӣ меояд? Биё духтари қандам,- гуфт модар, ки аз дидани духтараш дар куртааш намеғунҷид.

- Ассалому алайкум, модарҷон. Хубу саломатед?,- аҳволпурсӣ кард Нодира бо модараш.

- Раҳмат Нодираҷон. Туро сахт ёд карда будам. Агар имрӯзу пагоҳ намеомадӣ, ба дидорбиният рафтанӣ будам. Намедонам чанд рӯзи охир ким-чихел дилам бароят ғаш шудан гирифт. Боз туро хобҳои ҳархела дидам. Хонаводаат тинҷ?,- Нодираро пурсид модар бо мулоиматии ба худ хос.

- Тинҷӣ модарҷон. Чӣ ҳам мешавад,- кӯтоҳ ҷавоб дод духтар.

- Намедонам, ин дафъа бисёр туро фикр кардам. Чи хеле ки гуфтам, хобҳои ҳархела ҳам дидам.

- Шумо доимо хоб мебинед, модарҷон, маро пазмон ки шудед, бештар фикр мекунед. Бинобар ин зуд-зуд хоб мебинед. Чӣ хоб дидед, модарҷон?,- пурсид Нодира.

- Якчанд хобҳои безеб дидам. Вале дутояш дар хотирам ҳаст. Дирӯз хоб бинам ба сари шавҳарат як чойник чойи ҷӯшидаро рехтаӣ. Сару рӯйи бечора домод сӯхт, вале лом нагуфт. Рӯзи дигар хоб бинам ба ҳамон "дилча"-е, ки домод туҳфа карда буд, сӯзан мезадӣ,- гуфт модар.

- Дар урфият мегӯянд, ки "модар эҳсоси шашум дорад". Ӯ ҳар чизеро, ки ба фарзандаш рух медиҳад, ҳис мекунад,- гунаҳкорона сар хам кард Нодира.

- Чаро? Чӣ шуд, духтарам?,- ҳайрон шуда пурсид модар.

- Бале, қариб аст, ки ба "сар"-и домотатон "об резам". Ба "дилча"-и додаи домодатон не, ба қалби ӯ "неш" задам.

- Чӣ шуд духтарам? Маро хавотир накун,- маҳзунона гуфт модар.

- Чанд рӯз аст, ки бо шавҳарам қаҳриям. Ростӣ айби худам шуд. Корҳои гуфтаашро накардам. Намедонам чаро зуд-зуд баҳудаву беҳуда асабашро вайрон карда меистам. Бале ӯ ҳақ аст, вале намехоҳам назди ӯ ғурурамро шиканам. Модарҷон, домодатонро хеле дӯст медорам. Ӯро аз сояаш ҳам рашк мебарам. Бе вай як лаҳза ҳам истода наметавонам. Аммо ҳамин хислати безеб, яъне қаҳришавиям ба хушбахтии мо латма мезанад,- оҳи чуқур кашида гуфт Нодира ба модараш.

Ҳамин замон дари хона тақ-тақ шуду миёни гап шикаст.

- Саида, ҳой Саида,- фарёд кард зане.

- Лаббай, мана омадам,- гӯён Саида дарро кушод.

- Э апаи Сайрам, биёед,- ҳамсояро ба хона даъват кард Саида.

- Салом Саидаҷон, хуб ҳастӣ? Дар хона, ки ҳаставу зиқ мондам, як туро хабар гирам, дарди дил кунам гуфта омадан гирифтам.

- Хуб кардед апаҷон. Марҳамат, хона дароед. Нодира ҳам маро хабаргирӣ омадааст. Вай ҳам шуморо ёд карда буд. Ба қавли ӯ пандҳои беғаразатон роҳнамои зиндагияш шудаанд.

- Кӣ будаст, модарҷон,- гуфта, Нодира аз хона баромад.

- Э биёед апаи Сайрам. Шуморо сахт ёд карда будам. Ният доштам пеш аз хона рафтан як шуморо хабар гирам.

Сайраму Саидаву Нодира ба хона даромаданд. Нодира дарҳол чойи гарм дам карда овард...

(Давом дорад)

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД